"Сомон Эйр" иҷозати парвоз аз қаламрави Қирғизистон гирифт

© PixabayСамолёт
Самолёт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2023
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии ватании "Сомон Эйр" барои як муддати муайян иҷозати парвоз кардан аз ҳарими ҳавоии Қирғизистонро дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" минбаъд имкон доранд, тариқи ҳарими ҳавоии Қирғизистон парвоз кунанд.
Дар ин бора Оҷонсии авиатсияи граждании Қирғизистон хабар дод. Манбаъ афзуд, ки муроҷиати "Сомон Эйр" барои дарёфт кардани ҳаққи парвоз аз қаламрави Қирғизистон посухи мусбат гирифт.
Аммо Оҷонсӣ зикр намуд, ки ба ширкати "Сомон Эйр" танҳо барои як муддати муайян чунин иҷозат дода шудааст.
Нахустин парвози "Сомон Эйр", ки аз қаламрави Қирғизистон мегузарад, рӯзи 5 феврал анҷом меёбад. Ин парвоз дар масири Душанбе-Навосибирск-Душанбе хоҳад буд. Зимнан, аз 8 то 21 март чанд парвози дигар дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе анҷом меёбад, ки ҳавопаймо аз ҳарими ҳавоии Қирғизистон мегузарад.
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марз вохурӣ доир мекунанд
"Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд", - омадааст дар хабари Оҷонсӣ.
Маврид ба зикр аст, ки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели соли 2021 марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста гардид.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябри соли гузашта авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд, аммо азмашонро барои ҷилавгирӣ аз такрор баён доштанд.
Лентаи хабарҳо
0