https://sputnik.tj/20230201/tojikistonu-qirghiziston-marz-vokhuri-1054622503.html
Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марз вохурӣ доир мекунанд
Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марз вохурӣ доир мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вохурии навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон баргузор хоҳад шуд
2023-02-01T16:20+0500
2023-02-01T16:20+0500
2023-02-27T14:28+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
вохурӣ
марз
масъала
баррасӣ
ҳайат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Вохурии навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.Дар ин бора, Нусратулло Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.Ӯ, гуфт, ки дар ин вохурӣ ҳудуди чиҳил нафар аз ду ҷониб ба ҳисоби мақомдорони амниятӣ, ҳокимони ноҳияҳои наздимарзӣ ва иштироки раисони вилоятҳои Суғду Ботканд дар назар дошта шудааст.Салимзода, вақт ва макони баргузории ин вохуриро шарҳ дод.Қарор аст дар ин мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои марзиро баррасӣ кунанд.Ахиран рӯзи 26 декабри соли 2022, мулоқоти раисони Суғду Ботканд дар ҳудуди деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифта буд, ки дар кори он ба ҳисоби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев, инчунин Раҷабали Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – мудири Хадамоти марзбонии Қирғизистон Уларбек Шаршеев иштирок доштанд.Он замон тарафҳо сари як чанд масъалаҳои марзӣ санаде ба имзо расониданд ва қарорҳои зерин ба имзо расонида буданд:- Идома додани кори комиссияи муштарак дар соли 2023;- Пешниҳодҳо ба прокуратураи тарафҳо барои зуд ҳал намудани масъалаи баргардонидани молу мулки шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳуриҳо;- Пешгирии аз амалҳое, ки боиси бад шудани муносибатҳо байни тарафҳо дар сарҳади давлатӣ мегарданд.Ғайр аз ин, тарафҳо вазъи ба вуҷудомада дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ карда, самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи марзиро зикр карда буданд.Ҷонибҳо дар ин музокирот зикр карданд, ки таҳкими амнияту эътимод, ҳифзи оромиву субот дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон саҳми муҳим дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230119/vkkh-qirghiziston-muhlat-hall-masala-marz-tojikiston-muayyan-1054346260.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, вохурӣ, марз, масъала, баррасӣ, ҳайат
дар тоҷикистон, қирғизистон, вохурӣ, марз, масъала, баррасӣ, ҳайат
Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марз вохурӣ доир мекунанд
16:20 01.02.2023 (Навсозишуда: 14:28 27.02.2023) Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар деҳаи ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар як дидор масоили марзиро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Вохурии навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.
Дар ин бора, Нусратулло Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, ки дар ин вохурӣ ҳудуди чиҳил нафар аз ду ҷониб ба ҳисоби мақомдорони амниятӣ, ҳокимони ноҳияҳои наздимарзӣ ва иштироки раисони вилоятҳои Суғду Ботканд дар назар дошта шудааст.
Салимзода, вақт ва макони баргузории ин вохуриро шарҳ дод.
“Вохурӣ соати 10 и қабл аз зуҳри рӯзи 2 феврал дар чойхонаи “Тоҷи Заррин” и ҷамоати Хистеварз баргузор хоҳад шуд” - иттилоъ дод, манбаъ.
Қарор аст дар ин мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои марзиро баррасӣ кунанд.
Ахиран рӯзи 26 декабри соли 2022, мулоқоти раисони Суғду Ботканд дар ҳудуди деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифта буд, ки дар кори он ба ҳисоби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев, инчунин Раҷабали Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – мудири Хадамоти марзбонии Қирғизистон Уларбек Шаршеев иштирок доштанд.
Он замон тарафҳо сари як чанд масъалаҳои марзӣ санаде ба имзо расониданд ва қарорҳои зерин ба имзо расонида буданд:
- Идома додани кори комиссияи муштарак дар соли 2023;
- Пешниҳодҳо ба прокуратураи тарафҳо барои зуд ҳал намудани масъалаи баргардонидани молу мулки шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳуриҳо;
- Пешгирии аз амалҳое, ки боиси бад шудани муносибатҳо байни тарафҳо дар сарҳади давлатӣ мегарданд.
Ғайр аз ин, тарафҳо вазъи ба вуҷудомада дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ карда, самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи марзиро зикр карда буданд.
Ҷонибҳо дар ин музокирот зикр карданд, ки таҳкими амнияту эътимод, ҳифзи оромиву субот дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон саҳми муҳим дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.