Ҳайбатуллоҳ Охундзода аз раҳбарии Толибон* барканор мешавад?

© AP / Hussein SayedМулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Обуна шудан
Мақомҳои аршади гурӯҳи толибон дар ҳоли баррасии гузинаи барканории мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода аз раҳбарии ин гуруҳ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири ҳукумати толибҳо дар ҳукми гузинаи эҳтимолӣ барои ҷонишинии маснади раҳбарии толибон ном барда мешавад, аммо баҳс бар сари барканории мулло Ҳибатуллоҳ ҳануз дар мароҳил аввалия аст.
Танҳо як акси мунтасаб ба мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари кунунии толибон* ба нашр расида аст ва толибон то кунун ҳеҷ видеое ё тасвири дигаре аз ӯ мунташир накардаанд.
Расонаҳои вобаста ба толибон ва сухангӯёни ин гурӯҳ иддао мекунанд ки раҳбарашон бо афроди муайяне дидор мекунад.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири дохила дар ҳукумати толибон*, мулло Ёқӯб, вазири дифои толибҳо хоҳони саркуби толибони тундрав нестанд, аммо мехоҳанд масири ҳукуматашонро тағйир диҳанд.
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Ташдиди гуруснагӣ дар Афғонистон: 7 миллион кӯдаку модар сӯитағзия доранд
Расонаҳо иддао доранд, ки ин ду мақоми толибон* музокироте бо мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода дар пайванд бо омузиш ва кор занон доштанд аммо ин музокирот натиҷабахш набудааст.
Банно ба ин гузориш бархе аз мақомҳои толибҳо дар назар доштанд, ки пас аз барканории Охундзода, Сироҷиддин Ҳаққонӣ ба раҳбарии толибон баргузида шавад, аммо ӯ бо ин мавзӯ мухолифат кардааст.
Мулло Ёқӯб ҳам ҷавон аст ва қодир нест раҳбарии толибонро бар уҳда гирад.
Вазирони дохила ва дифои толибон ки нуфузи зиёде дар ҳукумат доранд, талош доранд бо ҷаҳон таъомул кунанд ва барои берун рафтан аз буҳрони кунунии кишвар, хостори ҷалби кумакҳои кишварҳои хориҷианд.
Толибон* ба духтарон фақат то синфи шашум иҷоза таҳсил медиҳанд. Онон ба тозагӣ бо судури фармонҳое, таҳсили духтаронро дар донишгоҳҳо ва марокизи омузишӣ ва кори занонро дар ниҳодҳои ғайридавлатӣ низ мамнӯъ эълом карданд.
Ин иқдомоти занситезонаи толибон* бо вокунишҳо ва интиқодҳои тунд дар дохил ва хориҷ аз Афғонистони мувоҷеҳ шудааст. Занони афғон дар мухолифат бо ин иқдомоти толибон борҳои таҷаммуъ ва роҳпаймоӣ карданд, аммо ин эътирозҳо ба дасти толибон* саркуб шуданд.
Глава МВД Афганистана Сираджуддин Хаккани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Ваъдаи Ҳаққонӣ ба мақомдори СММ дар бораи таҳсили духтарон дар Афғонистон
Мақомҳои толибон таъкид доранд, ки иҷрои аҳкоми шариъати исломӣ аз аҳдофи калидии ҳукуматашон аст.
Толибон дар августи соли 2021 бо сарнигунии ҳукумати пешини Афғонистон, ки аз ҳимояти ғарб бархурдор буд, бар саросари кишвар тасаллут ёфтанд.
Онон дар ин муддат маҳдудиятҳои шадиде барои озодиҳои фардӣ ва иҷтимои шаҳрвандон, ба вижаи занон вазъ карданд.
Толибон* дар ҷараёни музокироти сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Давҳа таъкид доштанд, ки ба озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқ занон пойбанданд аммо вақте ба ҳукумат расиданд, нахустин иқдомоти ҳукуматашон вазъи маҳдудият бар озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ буд.
*Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0