https://sputnik.tj/20230125/haqqoni-maqomdor-smm-afghoniston-1054478601.html
Ваъдаи Ҳаққонӣ ба мақомдори СММ дар бораи таҳсили духтарон дар Афғонистон
Ваъдаи Ҳаққонӣ ба мақомдори СММ дар бораи таҳсили духтарон дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилии ҳукумати муваққати толибҳо эълон кардааст, ки маҳдудияти таҳсил дар макотиб барои духтарон дар Афғонистон доимӣ нахоҳад буд 25.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-25T17:30+0500
2023-01-25T17:30+0500
2023-01-29T15:48+0500
дар ҷаҳон
маориф
толиб
афғонистон
таҳсил
духтарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/19/1054468442_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_1ce084c2e686c7e5c4a381c612ce814b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Маҳдудиятҳои марбути таҳсили занон дар Афғонистон бартараф хоҳанд шуд, изҳор доштааст, вазири корҳои дохилии толибҳо, Сироҷиддин Ҳаққонӣ. Ҳаққонӣ дар мулоқот муовини дабири кулли СММ Мартин Грифитс ин нуткаро таъкид кардааст. Вай афзуд, ки баъзе ихтилофҳо вуҷуд доранд, ки метавон роҳи ҳаллашонро пайдо кард. Ӯ тавзеҳ додаст, ки феълан баҳсҳо дар мавриди низоми таълим ҷой доранд, ки бидуни мушкиле ҳал мегарданд. Ҳаққонӣ таъкид намудааст, ки ҳар шаҳрванди Афғонистон бояд таҳсилдида бошад то дар барқарорсозии кишвар саҳм гузошта тавонад. Маврид ба зикр аст, ки феълан танҳо духтарони то 12-сола дар Афғонистон метавонанд аз ҳуқуқашон ба таҳсил истифода карда, то синфи 6 таҳсил кунанд.Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо дар Афғонистон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибҳо интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20230122/miyon-afghoniston-tojikiston-puli-sookhta-1054399314.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/19/1054468442_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_aac35f946217c53ed07e1a982e53d1f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, маориф, толиб, афғонистон, таҳсил, духтарон
дар ҷаҳон, маориф, толиб, афғонистон, таҳсил, духтарон
Ваъдаи Ҳаққонӣ ба мақомдори СММ дар бораи таҳсили духтарон дар Афғонистон
17:30 25.01.2023 (Навсозишуда: 15:48 29.01.2023) Вазири корҳои дохилии ҳукумати муваққати толибҳо эълон кардааст, ки маҳдудияти таҳсил дар макотиб барои духтарон дар Афғонистон доимӣ нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Маҳдудиятҳои марбути таҳсили занон дар Афғонистон бартараф хоҳанд шуд, изҳор доштааст, вазири корҳои дохилии толибҳо, Сироҷиддин Ҳаққонӣ.
Ҳаққонӣ дар мулоқот муовини дабири кулли СММ Мартин Грифитс ин нуткаро таъкид кардааст.
Вай афзуд, ки баъзе ихтилофҳо вуҷуд доранд, ки метавон роҳи ҳаллашонро пайдо кард. Ӯ тавзеҳ додаст, ки феълан баҳсҳо дар мавриди низоми таълим ҷой доранд, ки бидуни мушкиле ҳал мегарданд.
Ҳаққонӣ таъкид намудааст, ки ҳар шаҳрванди Афғонистон бояд таҳсилдида бошад то дар барқарорсозии кишвар саҳм гузошта тавонад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан танҳо духтарони то 12-сола дар Афғонистон метавонанд аз ҳуқуқашон ба таҳсил истифода карда, то синфи 6 таҳсил кунанд.
Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо дар Афғонистон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибҳо интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд.