https://sputnik.tj/20230120/se-bonki-nizomsozi-tojikiston-elon-1054377900.html
Се бонки низомсози Тоҷикистон эълон гардиданд
Се бонки низомсози Тоҷикистон эълон гардиданд
Sputnik Тоҷикистон
Се бонки бузурги Тоҷикистон, “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва “Эсхата” боз ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд
2023-01-20T19:45+0500
2023-01-20T19:45+0500
2023-01-20T19:45+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
бонк
амонатбонк
эсхата
имон интернешнл
рӯйхат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048048288_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_e280b4b5b03b0749ec50609831974892.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллӣ.Тибқи рӯйхат мазкур, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва бонки "Эсхата” ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардидаанд.Масъулони Бонки миллӣ қайд намудаанд, ки рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ карда мешаванд.Ҳамчунин тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти амонатии қарзии хурд “Имон Интернешнл” низ ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 ворид гардид.“Ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.Бояд қайд кард, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Бонк нашр мегардад.
https://sputnik.tj/20220817/taghyirot-kadri-joyguzini-nuraliev-bonki-milli-1050775049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048048288_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_baded522303b1ef5a7b27924513a5092.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амонатбонк”, “ориёнбонк” ва “эсхата”, бонк, низомсоз, эълон, бонки миллӣ
тоҷикистон, амонатбонк”, “ориёнбонк” ва “эсхата”, бонк, низомсоз, эълон, бонки миллӣ
Се бонки низомсози Тоҷикистон эълон гардиданд
Се бонки бузурги Тоҷикистон, “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва “Эсхата” боз ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллӣ.
Тибқи рӯйхат мазкур, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва бонки "Эсхата” ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардидаанд.
Масъулони Бонки миллӣ қайд намудаанд, ки рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ карда мешаванд.
Ҳамчунин тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти амонатии қарзии хурд “Имон Интернешнл” низ ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 ворид гардид.
“Ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Бояд қайд кард, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Бонк нашр мегардад.