Чор муовини нави раис дар Бонки миллӣ: ҷойгузини Нуралиев муайян шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон муовинони нави раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноиби аввалро таъйин намудааст. Фармонҳо барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Фармон дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, 17 август имзо карда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.
Бо фармони дигар Шарифзода Фируз Ҳомиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон шудааст.
Инчунин Назирӣ Гулбаҳор Назир мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт. Ӯ то ҳол вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Ҳимояти парлумон аз фармони президент барои тағйироти кадрӣ
Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини дигари навтаъйини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст.
Фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.
Қаблан Маҷлиси намояндагон аз барканории муовинони БМТ, аз ҷумла барканории Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ ҳимоят кард.
Фармони раисҷумҳур барои барканории Нуралиевро дар парлумон Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қироат карда, далели барканориро гузаштан ба кори дигар гуфта буд.
Аммо дар мавриди ҷои нави кор иттилои бештар дода нашуд.
Лентаи хабарҳо
0