https://sputnik.tj/20230118/vmkb-nerugoh-nomutad-1054290308.html
Дар ВМКБ кори нерӯгоҳҳо номуътадил шуду, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият монд
Дар ВМКБ кори нерӯгоҳҳо номуътадил шуду, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият монд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба далели яхбандии дарёҳо, фаъолияти ду нерӯгоҳ номуътадил гардида, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият бозмонд
2023-01-18T10:55+0500
2023-01-18T10:55+0500
2023-01-18T10:55+0500
вмкб
нерӯгоҳ
орд
алишер мирзонабот
эенергетика
ширкати "помир энержӣ"
қувваи барқ
нбо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043819306_1119:0:3240:1193_1920x0_80_0_0_7483f4be84b9f96c6fbe2b264e68a3aa.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сардии ғайримуқаррарӣ ҳаво ва зиёд шудани яхпораҳо дар дарёи Ғунд ба фаъолияти муътадили Неругоҳи барқи обии "Помир-1" ва НБО-и "Хоруғ" монеа эҷод намудааст. Феълан норасоии неруи барқ дар неругоҳҳои "Помир-1" ва "Хоруғ" дар маҷмӯъ 8 мегаваттро ташкил медиҳад, аммо талаботи аҳолӣ ба неруи барқ 50 ҳазор киловатт-соат аст, хабар медиҳад мақомоти ВМКБ.Дар ин росто, раиси вилоят, Алишер Мирзонабот, сардорони Раёсати КҲФ, шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва масъулини ширкати "Помирэнерҷӣ" аз иншооти зидди яхсел дар деҳаи Деҳмиёнаи ноҳияи Шуғнон боздид кардаанд.Мутахассисони "Помирэнерҷӣ", мегӯянд, сардии ҳаво дар иншооти зидди яхсел ба беш аз 26 дараҷаи зери сифр баробар шудааст. Дар баъзе мавридҳо дарё аз маҷрои муқаррарии худ берун баромада, талафоти об дар як сония то 3 метри кубиро ташкил медиҳад.Раиси вилоят ба масъулини ширкат дастур додааст, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз раванди баландшавии сатҳи об ва тағйир додани маҷрои он бо шоҳроҳи иртиботии байналмилалии Хоруғ-Мурғоб -Қулма дар мавзеи Деҳмиёна тадбирҳои пешгирикунанда андешанд.Дар баробари ин, масъулини ширкат вазифадор гардиданд, ки аз ҳисоби кормандон сафи навбатдорони шабонарӯзиро дар НБО – и "Помир-1" зиёд кунанд.Ҳамин тавр, норасоии барқ боиси аз кор мондани Корхонаи фаръии ордбарории ноҳияи Шуғнон низ шудааст.Мутахассисони ширкати барқии "Помирэнерҷӣ" гуфтаанд, ки бо муътадил шудани вазъи ҳаво реҷаи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ бартараф мегардад.
https://sputnik.tj/20230112/laghv-purra-limit-barq-tojikiston-1054161000.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043819306_1384:0:2975:1193_1920x0_80_0_0_1f848d10c81656790353ea596f17e3cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб, нерӯгоҳҳо, фаъолият, номуътадил, корхонаи ордбарорӣ
вмкб, нерӯгоҳҳо, фаъолият, номуътадил, корхонаи ордбарорӣ
Дар ВМКБ кори нерӯгоҳҳо номуътадил шуду, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият монд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба далели яхбандии дарёҳо, фаъолияти ду нерӯгоҳ номуътадил гардида, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият бозмонд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сардии ғайримуқаррарӣ ҳаво ва зиёд шудани яхпораҳо дар дарёи Ғунд ба фаъолияти муътадили Неругоҳи барқи обии "Помир-1" ва НБО-и "Хоруғ" монеа эҷод намудааст.
Феълан норасоии неруи барқ дар неругоҳҳои "Помир-1" ва "Хоруғ" дар маҷмӯъ 8 мегаваттро ташкил медиҳад, аммо талаботи аҳолӣ ба неруи барқ 50 ҳазор киловатт-соат аст, хабар медиҳад мақомоти ВМКБ.
Дар ин росто, раиси вилоят, Алишер Мирзонабот, сардорони Раёсати КҲФ, шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва масъулини ширкати "Помирэнерҷӣ" аз иншооти зидди яхсел дар деҳаи Деҳмиёнаи ноҳияи Шуғнон боздид кардаанд.
Мутахассисони "Помирэнерҷӣ", мегӯянд, сардии ҳаво дар иншооти зидди яхсел ба беш аз 26 дараҷаи зери сифр баробар шудааст. Дар баъзе мавридҳо дарё аз маҷрои муқаррарии худ берун баромада, талафоти об дар як сония то 3 метри кубиро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят ба масъулини ширкат дастур додааст, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз раванди баландшавии сатҳи об ва тағйир додани маҷрои он бо шоҳроҳи иртиботии байналмилалии Хоруғ-Мурғоб -Қулма дар мавзеи Деҳмиёна тадбирҳои пешгирикунанда андешанд.
Дар баробари ин, масъулини ширкат вазифадор гардиданд, ки аз ҳисоби кормандон сафи навбатдорони шабонарӯзиро дар НБО – и "Помир-1" зиёд кунанд.
Ҳамин тавр, норасоии барқ боиси аз кор мондани Корхонаи фаръии ордбарории ноҳияи Шуғнон низ шудааст.
"Мирзонабот ҷиҳати бетанаффус фаъолият намудани ин корхона масъулини ширкати барқии "Помирэнерҷи"-ро муваззаф намуд, ки дар зудтарин фурсат барои муътадил нигоҳ доштани истеҳсоли орд дар корхона онро бо неруи барқ таъмин намоянд", - омадааст дар хабарнома
Мутахассисони ширкати барқии "Помирэнерҷӣ" гуфтаанд, ки бо муътадил шудани вазъи ҳаво реҷаи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ бартараф мегардад.