Вахтанг Кикабидзе даргузашт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПевец и актер Вахтанг Кикабидзе
Певец и актер Вахтанг Кикабидзе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Обуна шудан
Овозхон, ҳунарпеша, коргардон ва сенарист дар хотири бисёриҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо нақши халабон дар филми "Мимино" нақш бастааст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳунарпеша ва овозхони синамои шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ Вахтанг Кикабидзе дар соли 85-уми умраш даргузашт, хабар медиҳад Sputnik Гурҷистон бо такя ба телевизиони маҳаллӣ.
"Продюсери сароянда низ марги ӯро Шабакаи якум тасдиқ кард", - омадааст дар иттилоия.
Вахтанг Кикабидзе 19 июли соли 1938 дар Тифлис таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Тифлис таҳсил карда, соли 1959 ҳунарманди Филармонияи ин шаҳр шуд.
Дар миёнаҳои солҳои 1960-ум ӯ бо ансамблҳои ҷазии "Диело" ва "Орера" баромад карда, таронаҳоро бо забонҳои гурҷӣ, русӣ, итолиёвӣ ва англисӣ иҷро мекард.
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Даргузашти профессори дорусози тоҷик
Кикабидзе дар соли 1966 дар филми "Вохӯрӣ дар кухистон"-и Николай Санишвили бори нахуст ҳунарнамоӣ кард, аммо пас аз се сол бо накши худ дар комедияи "Ғамгин мабош" шуҳрат пайдо кард.
Марҳум дар бисёр филмҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла "Ман муфаттиш", "Оҳангҳои квартали Верий", "Экспедитсияи гумшуда", "ТАСС ваколатдор аст, ки хабар диҳад" нақш офаридааст.
Шуҳрати умумииттиҳодӣ ба Кикабидзе пас аз филми Данэлия "Мимино" дар соли 1977 омад, ки дар он нақши халабонеро аз деҳаи хурдакаки Гурҷистон офарид, ки орзуи парвооз дар ҳавопаймоҳои бузургро дошт.
Дар баробари ин Кикабидзе ҳамчун коргардону сенарист осор эҷод кардааст. Аз ҷумла соли 1981 филми "Саломат бош, азиз!" ва соли 1985 - "Мардон ва дигарон" -ро ба навор гирифтааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ камтар дар филмҳо нақш офарида бештар ба намоиши консертҳо машғул шуд.
Лентаи хабарҳо
0