https://sputnik.tj/20230109/darguzashti-professori-dorusozi-tojik-1054072887.html
Даргузашти профессори дорусози тоҷик
Даргузашти профессори дорусози тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе бо дорусози маъруфи тоҷик видоъ карданд, ки саҳмаш дар рушди соҳаи фармасевтии Тоҷикистон бузург арзёбӣ мегардад
2023-01-09T16:55+0500
2023-01-09T16:55+0500
2023-01-09T16:55+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорат
даргузашт
тиббӣ
профессор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101395/57/1013955745_0:0:1053:592_1920x0_80_0_0_cb29c97e651636deefb87c97a06541c2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Яке аз аввалин олимони бахши дорусозии Тоҷикистон, профессор Давлат Халифаев даргузашт. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо таъйиди даргузашти профессор Халифаев ба наздикону шогирдонаш сабри ҷамил хостааст. Маросими видоъ бо профессор дар маҳаллаи маъруф бо "Водонасосний"-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. "Марҳум дар рушди соҳаи дорусозӣ ва назорати сифати он, тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми арзандае гузошта буд", - омадааст дар номаи ҳамдардии мақомоти тандурустӣ. Профессор Халифаев солҳои охир ба ҳайси профессори кафедраи технологияи фарматсевтии Донишгоҳи далватии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият дошт. Ӯ аз ҷумлаи саромадагони соҳаи дорусозии Тоҷикистон мебошад, ки дар саргаҳи ташкили факултаи фармасевтии Донигоҳи давлатии тиббии кишвар қарор дошт. Аз самтҳои таҳқиқоташ коркарди маводи доруворӣ дар асоси растанӣ, ҳайвонот, минералҳо ва маводҳои сунъию таъсири ҳаҷму технологияи коркардашон ба хусусиятҳои биофармасевтии онҳо арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20230106/darguzasht-nasim-rajab-adibi-kudakon-1054026619.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101395/57/1013955745_85:0:874:592_1920x0_80_0_0_de6726c9cc1bc3e89e94491fc4828456.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видоъ, профессор, дорусоз, тоҷик, душанбе
видоъ, профессор, дорусоз, тоҷик, душанбе
Даргузашти профессори дорусози тоҷик
Дар шаҳри Душанбе бо дорусози маъруфи тоҷик видоъ карданд, ки саҳмаш дар рушди соҳаи фармасевтии Тоҷикистон бузург арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Яке аз аввалин олимони бахши дорусозии Тоҷикистон, профессор Давлат Халифаев даргузашт.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо таъйиди даргузашти профессор Халифаев ба наздикону шогирдонаш сабри ҷамил хостааст.
Маросими видоъ бо профессор дар маҳаллаи маъруф бо "Водонасосний"-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
"Марҳум дар рушди соҳаи дорусозӣ ва назорати сифати он, тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми арзандае гузошта буд", - омадааст дар номаи ҳамдардии мақомоти тандурустӣ.
Профессор Халифаев солҳои охир ба ҳайси профессори кафедраи технологияи фарматсевтии Донишгоҳи далватии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият дошт.
Ӯ аз ҷумлаи саромадагони соҳаи дорусозии Тоҷикистон мебошад, ки дар саргаҳи ташкили факултаи фармасевтии Донигоҳи давлатии тиббии кишвар қарор дошт.
Аз самтҳои таҳқиқоташ коркарди маводи доруворӣ дар асоси растанӣ, ҳайвонот, минералҳо ва маводҳои сунъию таъсири ҳаҷму технологияи коркардашон ба хусусиятҳои биофармасевтии онҳо арзёбӣ мегардад.