Вазорат: Озодсозии Соледар имкон медиҳад артиши Украинаро дар Артемовск муҳосира кунем

© Sputnik / Константин МихальчевскийВоеннослужащий ВС РФ в зоне СВО
Военнослужащий ВС РФ в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия расман дар бораи озодсозии шаҳри Соледар хабар дода гуфт, поксозии ин шаҳр имкон медиҳад роҳҳои таъминоти артиши Украинаро қатъ намоем
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Вазорати дифои Русия эълон дошт, ки озодсозии шаҳри Соледар ба артиши Русия имкон медиҳад, нерӯҳои украинӣ дар шаҳри Артемовскро аз таъминот қатъ намоянд ва артиши украинаро дар ин минтақа дар муҳосира қарор бидиҳанд.
"Назорати комили шаҳри Соледар имкон медиҳад, ки масирҳои таъминоти нерӯҳои украинӣ дар шаҳри Артемовскро қатъ намояд, баъдан қисмҳои артиши Украинаро дар ин минтақа баста ва дар муҳосира гиранд", — гуфт вазорати дифоъ.
Онҳо мушаххас карданд, ки озодисозии Соледар шаби 12 январ сурат гирифт.
Сотрудники пожарной охраны ДНР тушат возгорание в жилом доме на улице Парковская в Донецке, разрушенном в результате обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Озодсозии Донбасс: нерӯҳои муттаҳид ба Артемовск ва Соледар ворид шуданд
Вазорати дифои Русия таъкид кардааст, ки ин шаҳр барои идомаи ҳамлаи муваффақ дар самти Донетск бисёр муҳим аст.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш мушовири раиси ҶМД Игор Кимаковский хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ дар шаҳри Артемовск (Бахмут) дар муҳосираи оперативӣ қарор доранд.
Қаблан чунин ҳолат дар шаҳри Соледар мушоҳида шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0