https://sputnik.tj/20220812/ozodsozi-donbass-neru--artemovsk-soledar-1050672258.html
Озодсозии Донбасс: нерӯҳои муттаҳид ба Артемовск ва Соледар ворид шуданд
Озодсозии Донбасс: нерӯҳои муттаҳид ба Артемовск ва Соледар ворид шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Режими Киев бинобар надоштани таҷҳизоти низомӣ, нерӯи захираи омӯзишдида, ҳайати фармондеҳӣ пешравии нерӯҳои муттаҳид ба ғарби ин кишварро боздошта наметавонад 12.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-12T15:31+0500
2022-08-12T15:31+0500
2023-10-02T17:11+0500
украина
амалиёт
ҷанг
донетск
шикаст
дифоъ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046395914_0:0:3149:1771_1920x0_80_0_0_3fe573411f8313e915b127150bbc1db2.jpg
Нерӯҳои Федератсияи Русия ва ҶМД зарбазанӣ ба мавқеъҳои дифоии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Донбассро идома медиҳанд, ки дар он ҷо танҳо Славянско-Краматорск “таҷзиянашуда” боқӣ мондааст.Қушӯнҳои ФР ва ҶМД аз дирӯз ба шаҳрҳои Артемовск ва Соледар ворид шуда истодаанд. Дар минтақаи саноатӣ ва маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷанг давом дорад.Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина "тактика"-и анъанавиро истифода мебаранд: онҳо дар биноҳои истиқоматӣ аз нуқтаҳои оташфишонӣ дар паси аҳолии осоишта пинҳон мешаванд. Душман зери зарбаҳои отрядҳои таҳоҷумӣ ақибнишинӣ мекунад.Нерӯҳои ҶМД хатти дифоии қуввахои мусаллаҳи Украина дар самти Авдеевкаро "дарз карда", душманро дар назди Горловка ҳадаф қарор додаанд. Дар давоми 24 соати охир беш аз 50 дарсади ҳайати шахсии бригадаҳои механиконидашудаи 14 ва 66-уми қувваҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Артёмовский ва Авдеевский бинобар ҳамлаи нерӯҳои муттаҳид дар як рӯзи гузашта барҳам дода шуданд.Даст кашидани миллатгароён аз мансабҳои худ, дурусттараш фироркунии оммавӣ мушоҳида мешавад.Дар наздикии шаҳраки Пески Бригадаи 56-уми пиёдагарди нерӯҳои мусаллаҳи Украина сарнавишти Бригадаи 57-ум дар Северодонетскро такрор кард: он то 70 дарсади ҳайати шахсӣ ва тавоноии ҷангии худро аз даст дод ва пас аз он ба Ғарб фирор намуд. Ба гуфтаи сардори хадамоти тиббии бригада, қисми зиёди талафотро "оташи дӯстона"-и артиллерияи Украина додааст.Дар Соледар нерӯҳои рус объекти калони саноатӣ — коргоҳи дергудози Белокаменскро зери назорат гирифтанд. Як қисми қӯшунҳои душман дар конҳои намак пинҳон шудаанд, ки дар он ҷо захираи озуқа, об ва лавозимоти ҷангӣ мавчуд аст.Ин тактика комилан бемаънист, зеро дар пеш танҳо ба харобшавӣ ё асирӣ рӯ ба рӯ мешавад. Воқеан, асосан сарбозону сержантҳо таслим мешаванд ва афсарони қувваҳои мусаллаҳи Украина ҷузъу томҳои худро раҳо мекунанд ва мавозеи худ мегурезанд.Ин хатти Маннерҳайм нестБо вуҷуди кӯшишҳои инфиродӣ дар ҷиҳати ҳамлаҳои ҷавобӣ аз тарафи Украина вазъи амалиётӣ дар Донбасс ба нафъи нерӯҳои муттаҳид инкишоф меёбад. Хатти мудофиа дар умқи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Северск – Соледар - Артемовск қаблан яке аз мустаҳкамтаринҳо маҳсуб мешуд. Дар Киев онро украинӣ "хатти Маннерҳайм" меномиданд.Нерӯҳои муттаҳид онро мунтазам ва ба таври муассир рахна мекунанд. Режими Киев вақт надорад, ки ба ҷои ҷангиёни украинии харобшуда, маҷрӯҳшуда ва фироркарда нерӯи нав сафарбар намояд. "Ҷаҳаннам" комилан табиӣ аст.Силоҳҳои Русия дар майдони ҷанг ва дар ақибгоҳи амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Украина бартарӣ доранд: мушакҳои болдори дақиқзан, тӯпхонаи ҳавоӣ, системаҳои мушакҳои чандманзура (MLRS), системаҳои оташфишони вазнини "Солнтсепек", "Пиноккио" ё " Тосочка". Артиши Русия гурӯҳи нави танкҳои Т-90М "Прорыв"-ро дарёфт кард, яъне технология ва рӯҳия дар як сатҳи баланд қарор доранд.Душман ҳанӯз ҳам ба навоҳии мустаҳкамшуда, минтақаҳои саноатӣ ва конҳо часпида, аҳолии осоиштаро ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода бурда, фалокатҳои техногенӣ ташкил карда метавонад. Пас аз баромадани ногузир ба дашт, берун аз марзҳои Донбасс нерӯҳои украинӣ бо суръат ва бидуни таваққуф ба Ғарб мераванд. Шояд то сарҳади Лаҳистон (Руминия, Словакия, Маҷористон) раванд.Ҳамин тариқ идеяи "ҷанг барои Херсон", ки дар фазои гумроҳии режими Киев ба вуҷуд омадааст, дар қиболи воқеияти сахт шикастааст. Манобеи украинӣ гузориш медиҳанд, ки Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Украина ба президент Владимир Зеленский харитаеро пешниҳод кардааст, ки дар он равшан нишон дода шудааст: мушакандози чандгонаи Русия бидуни убур аз соҳили чапи Днепр ҳар миқдор сарбозеро, ки аз Николаев ё аз Кривой Рог ҳаракат мекунанд, нобуд хоҳад кард.Бо хумпораҳои HIMARS купрӯкҳоро дар Херсон сурох кардан кори бефоида аст.Қувваҳои Мусаллаҳи Украина барои амалиёти таҳоҷумӣ нерӯи захираи омодашуда, ҳайати фармондеҳии тахассусӣ ва техникаи ҳарбӣ надоранд. "Ҳамлаи ҷавобӣ"-и қарзҳои нав аз Ғарб ё халалдор шудани раъйпурсии пайвастани вилоятҳои Запороже ва Херсон ба Русия ин мушкилро ҳал намекунад, балки талафоти фалокатбор дар нерӯи корӣ ва техникаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро кафолат медиҳад.Ба гуфтаи манобеи украинӣ, бинобар иллюзияҳои президент Зеленский дар робита ба "ҳалқаи Северодонетск" қувваҳои мусаллаҳи Украина 9000 кушта дод ва даҳҳо ҳазор низомии маҷруҳ, 2000 мошини зиреҳпӯш ва даҳҳо ҳавопаймо хароб шуд. Қаблан Вазорати дифои Русия аз талафоти то 90 дарсади ҳайати низомии Украина дар наздикии Северодонетск хабар дода буд.ИМА ният дорад, "ҷанги муқаддас"-и эълоннашудаи худро бо Русия то охирин украинӣ идома диҳад. Рӯзи 10 август раиси Пентагон Ллойд Остин бори дигар ваъда дод, ки Киевро "ба қадри зарурӣ" бо аслиҳа таъмин хоҳад кард.Аммо аслиҳаи НАТО дар Украина ҳар миқдоре ки бошад, нобуд карда мешавад ва ҳадафҳо, ҷараён ва натиҷаи амалиёти махсуси таърихии Русияро тағйир намедиҳад. Танҳо дирӯз се ҳавопаймои ҳамлагари қувваҳои мусаллаҳи Украина осмони вилояти Николаев нобуд шуда, аввалин "Гепард" дар Донбасс аз кор бароварда шуд. Омори ҳаррӯзаи Вазорати дифои Федератсияи Русия шаҳодат медиҳад, Кремл қодир аст, ки ҳар гуна тасаввуроти Ғарбро барҳам диҳад.Дар ҳамин ҳол нашрияи амрикоии “Politico” имрӯз таъйид кард, ки нерӯҳои украинӣ алайҳи мардуми осоишта ҷиноят содир мекунанд: “Гузориши Созмони Авфи Байналмилал метавонад барои Ҳукумати Украина ва муттаҳидонаш дар Ғарб аз ҷиҳати сиёсӣ нороҳаткунанда бошад, аммо ин онро нодуруст намешуморад".Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
https://sputnik.tj/20220726/gharb-jahon-gurusnagi-gandum-ukraina-1050286893.html
https://sputnik.tj/20220809/fursat-kam-mondaast-iqtisod-ukraina-1050602549.html
https://sputnik.tj/20220810/hushdori-smm-naqshaho-doish-istifoda-nizo-ukraina-1050608592.html
украина
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046395914_273:0:3004:2048_1920x0_80_0_0_576166dbb08c9201de99f964384a3f1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
украина, амалиёт, ҷанг, донетск, шикаст, дифоъ, дар русия
украина, амалиёт, ҷанг, донетск, шикаст, дифоъ, дар русия
Озодсозии Донбасс: нерӯҳои муттаҳид ба Артемовск ва Соледар ворид шуданд
15:31 12.08.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Режими Киев бинобар надоштани таҷҳизоти низомӣ, нерӯи захираи омӯзишдида, ҳайати фармондеҳӣ пешравии нерӯҳои муттаҳид ба ғарби ин кишварро боздошта наметавонад
Нерӯҳои Федератсияи Русия ва ҶМД зарбазанӣ ба мавқеъҳои дифоии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Донбассро идома медиҳанд, ки дар он ҷо танҳо Славянско-Краматорск “таҷзиянашуда” боқӣ мондааст.
Қушӯнҳои ФР ва ҶМД аз дирӯз ба шаҳрҳои Артемовск ва Соледар ворид шуда истодаанд. Дар минтақаи саноатӣ ва маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷанг давом дорад.
Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина "тактика"-и анъанавиро истифода мебаранд: онҳо дар биноҳои истиқоматӣ аз нуқтаҳои оташфишонӣ дар паси аҳолии осоишта пинҳон мешаванд. Душман зери зарбаҳои отрядҳои таҳоҷумӣ ақибнишинӣ мекунад.
Нерӯҳои ҶМД хатти дифоии қуввахои мусаллаҳи Украина дар самти Авдеевкаро "дарз карда", душманро дар назди Горловка ҳадаф қарор додаанд. Дар давоми 24 соати охир беш аз 50 дарсади ҳайати шахсии бригадаҳои механиконидашудаи 14 ва 66-уми қувваҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Артёмовский ва Авдеевский бинобар ҳамлаи нерӯҳои муттаҳид дар як рӯзи гузашта барҳам дода шуданд.
Даст кашидани миллатгароён аз мансабҳои худ, дурусттараш фироркунии оммавӣ мушоҳида мешавад.
Дар наздикии шаҳраки Пески Бригадаи 56-уми пиёдагарди нерӯҳои мусаллаҳи Украина сарнавишти Бригадаи 57-ум дар Северодонетскро такрор кард: он то 70 дарсади ҳайати шахсӣ ва тавоноии ҷангии худро аз даст дод ва пас аз он ба Ғарб фирор намуд. Ба гуфтаи сардори хадамоти тиббии бригада, қисми зиёди талафотро "оташи дӯстона"-и артиллерияи Украина додааст.
Дар Соледар нерӯҳои рус объекти калони саноатӣ — коргоҳи дергудози Белокаменскро зери назорат гирифтанд. Як қисми қӯшунҳои душман дар конҳои намак пинҳон шудаанд, ки дар он ҷо захираи озуқа, об ва лавозимоти ҷангӣ мавчуд аст.
Ин тактика комилан бемаънист, зеро дар пеш танҳо ба харобшавӣ ё асирӣ рӯ ба рӯ мешавад. Воқеан, асосан сарбозону сержантҳо таслим мешаванд ва афсарони қувваҳои мусаллаҳи Украина ҷузъу томҳои худро раҳо мекунанд ва мавозеи худ мегурезанд.
Бо вуҷуди кӯшишҳои инфиродӣ дар ҷиҳати ҳамлаҳои ҷавобӣ аз тарафи Украина вазъи амалиётӣ дар Донбасс ба нафъи нерӯҳои муттаҳид инкишоф меёбад. Хатти мудофиа дар умқи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Северск – Соледар - Артемовск қаблан яке аз мустаҳкамтаринҳо маҳсуб мешуд. Дар Киев онро украинӣ "хатти Маннерҳайм" меномиданд.
Нерӯҳои муттаҳид онро мунтазам ва ба таври муассир рахна мекунанд. Режими Киев вақт надорад, ки ба ҷои ҷангиёни украинии харобшуда, маҷрӯҳшуда ва фироркарда нерӯи нав сафарбар намояд. "Ҷаҳаннам" комилан табиӣ аст.
Силоҳҳои Русия дар майдони ҷанг ва дар ақибгоҳи амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Украина бартарӣ доранд: мушакҳои болдори дақиқзан, тӯпхонаи ҳавоӣ, системаҳои мушакҳои чандманзура (MLRS), системаҳои оташфишони вазнини "Солнтсепек", "Пиноккио" ё " Тосочка". Артиши Русия гурӯҳи нави танкҳои Т-90М "Прорыв"-ро дарёфт кард, яъне технология ва рӯҳия дар як сатҳи баланд қарор доранд.
Душман ҳанӯз ҳам ба навоҳии мустаҳкамшуда, минтақаҳои саноатӣ ва конҳо часпида, аҳолии осоиштаро ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода бурда, фалокатҳои техногенӣ ташкил карда метавонад. Пас аз баромадани ногузир ба дашт, берун аз марзҳои Донбасс нерӯҳои украинӣ бо суръат ва бидуни таваққуф ба Ғарб мераванд. Шояд то сарҳади Лаҳистон (Руминия, Словакия, Маҷористон) раванд.
Ҳамин тариқ идеяи "ҷанг барои Херсон", ки дар фазои гумроҳии режими Киев ба вуҷуд омадааст, дар қиболи воқеияти сахт шикастааст. Манобеи украинӣ гузориш медиҳанд, ки Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Украина ба президент Владимир Зеленский харитаеро пешниҳод кардааст, ки дар он равшан нишон дода шудааст: мушакандози чандгонаи Русия бидуни убур аз соҳили чапи Днепр ҳар миқдор сарбозеро, ки аз Николаев ё аз Кривой Рог ҳаракат мекунанд, нобуд хоҳад кард.
Бо хумпораҳои HIMARS купрӯкҳоро дар Херсон сурох кардан кори бефоида аст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина барои амалиёти таҳоҷумӣ нерӯи захираи омодашуда, ҳайати фармондеҳии тахассусӣ ва техникаи ҳарбӣ надоранд. "Ҳамлаи ҷавобӣ"-и қарзҳои нав аз Ғарб ё халалдор шудани раъйпурсии пайвастани вилоятҳои Запороже ва Херсон ба Русия ин мушкилро ҳал намекунад, балки талафоти фалокатбор дар нерӯи корӣ ва техникаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро кафолат медиҳад.
Ба гуфтаи манобеи украинӣ, бинобар иллюзияҳои президент Зеленский дар робита ба "ҳалқаи Северодонетск" қувваҳои мусаллаҳи Украина 9000 кушта дод ва даҳҳо ҳазор низомии маҷруҳ, 2000 мошини зиреҳпӯш ва даҳҳо ҳавопаймо хароб шуд. Қаблан Вазорати дифои Русия аз талафоти то 90 дарсади ҳайати низомии Украина дар наздикии Северодонетск хабар дода буд.
ИМА ният дорад, "ҷанги муқаддас"-и эълоннашудаи худро бо Русия то охирин украинӣ идома диҳад. Рӯзи 10 август раиси Пентагон Ллойд Остин бори дигар ваъда дод, ки Киевро "ба қадри зарурӣ" бо аслиҳа таъмин хоҳад кард.
Аммо аслиҳаи НАТО дар Украина ҳар миқдоре ки бошад, нобуд карда мешавад ва ҳадафҳо, ҷараён ва натиҷаи амалиёти махсуси таърихии Русияро тағйир намедиҳад. Танҳо дирӯз се ҳавопаймои ҳамлагари қувваҳои мусаллаҳи Украина осмони вилояти Николаев нобуд шуда, аввалин "Гепард" дар Донбасс аз кор бароварда шуд. Омори ҳаррӯзаи Вазорати дифои Федератсияи Русия шаҳодат медиҳад, Кремл қодир аст, ки ҳар гуна тасаввуроти Ғарбро барҳам диҳад.
Дар ҳамин ҳол нашрияи амрикоии “Politico” имрӯз таъйид кард, ки нерӯҳои украинӣ алайҳи мардуми осоишта ҷиноят содир мекунанд: “Гузориши Созмони Авфи Байналмилал метавонад барои Ҳукумати Украина ва муттаҳидонаш дар Ғарб аз ҷиҳати сиёсӣ нороҳаткунанда бошад, аммо ин онро нодуруст намешуморад".
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.