https://sputnik.tj/20230113/afzoishi-joyhoi-kori-kholi-sokhtmoni-rusiya-1054194048.html
Афзоиши ҷойҳои кори холӣ дар бахши сохтмонӣ Русия
Афзоиши ҷойҳои кори холӣ дар бахши сохтмонӣ Русия
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон мегӯянд, ки ниёз ба коргарон дар бахши сохтмони Русия зиёд аст ва дар соли 2023 низ талабот боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт
2023-01-13T22:01+0500
2023-01-13T22:01+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷир
муҳоҷират
кор
сохтмон
ҷойи корӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_b693c9894ad1b118681ebc9a05c57a99.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Шумори ҷойҳои холӣ дар бахши сохтмон дар бозори меҳнатии Русия ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.Дар ин бора хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба таҳқиқоти сомонаи “Avito Rabota” хабар медиҳад.Шумори умумии ҷойҳои корӣ дар Русия, тибқи таҳқиқот, дар соли 2022 69 дарсад афзоиш ёфтааст.Дар баробари ин, ширкатҳо бештар дар ҷустуҷӯи мутахассисон дар бахшҳои савдо, истеҳсол ва сохтмон буданд.Гурӯҳҳои шуғл "Савдогар" ва "Истехсолот" мутаносибан 13 дарсад ва 12 дарсад аз шумораи умумии эълонҳои сомонаро ташкил медиҳанд.Бахши сохтмон дар ҷои сеюм аст - ҳиссаи он дар ҳама эълонҳо 8 дарсадро ташкил медиҳад. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки талаботи зиёд ба коргарон дар бахши сохтмон дар соли 2023 низ идома хоҳад ёфт.Ёдовар мешавем, ки тибқи як назарсанҷӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии ширкатҳои инфрасохторӣ ва Sherpa Group гузаронида шуд, дар соли 2022 шумораи ҷойҳои кории холӣ дар бахши сохтмон 46 дарсад афзудааст.Интизор меравад, ки вазъ дар ояндаи наздик бадтар мешавад. Ин аз ҷумла аз он вобаста, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватанҳои худ баргаштанд, ки дар он ҷо низ талабот ба нерӯи корӣ афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220721/tojikiston-nim-million-metr-khona-1050145016.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b89228a5ca280c2a4e35498c99ec68c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сохтмон, афзоиш, ҷойи кори холӣ, коргарон, муҳоҷирони меҳнатӣ
тоҷикистон, сохтмон, афзоиш, ҷойи кори холӣ, коргарон, муҳоҷирони меҳнатӣ
Афзоиши ҷойҳои кори холӣ дар бахши сохтмонӣ Русия
22:01 13.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Коршиносон мегӯянд, ки ниёз ба коргарон дар бахши сохтмони Русия зиёд аст ва дар соли 2023 низ талабот боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Шумори ҷойҳои холӣ дар бахши сохтмон дар бозори меҳнатии Русия ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба таҳқиқоти сомонаи “Avito Rabota” хабар медиҳад.
Шумори умумии ҷойҳои корӣ дар Русия, тибқи таҳқиқот, дар соли 2022 69 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, ширкатҳо бештар дар ҷустуҷӯи мутахассисон дар бахшҳои савдо, истеҳсол ва сохтмон буданд.
Гурӯҳҳои шуғл "Савдогар" ва "Истехсолот" мутаносибан 13 дарсад ва 12 дарсад аз шумораи умумии эълонҳои сомонаро ташкил медиҳанд.
Бахши сохтмон дар ҷои сеюм аст - ҳиссаи он дар ҳама эълонҳо 8 дарсадро ташкил медиҳад. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки талаботи зиёд ба коргарон дар бахши сохтмон дар соли 2023 низ идома хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки тибқи як назарсанҷӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии ширкатҳои инфрасохторӣ ва Sherpa Group гузаронида шуд, дар соли 2022 шумораи ҷойҳои кории холӣ дар бахши сохтмон 46 дарсад афзудааст.
Интизор меравад, ки вазъ дар ояндаи наздик бадтар мешавад. Ин аз ҷумла аз он вобаста, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватанҳои худ баргаштанд, ки дар он ҷо низ талабот ба нерӯи корӣ афзоиш ёфтааст.