Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, арзиши манзил дар Тоҷикистон гарон нест

© SputnikСтроительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон
Строительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Кумитаи меъмории Тоҷикистон аз баҳрабардории беш аз ним миллион метри мураббаъ манзил хабар дода гуфт, арзиши он дар қиёс ба дигар давлатҳо гарон нест
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Давоми ним сол дар Тоҷикистон 588,3 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст
Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзод, раҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат аз ҳисоби тамоми манбаъҳо ба ин соҳа беш аз 6,3 миллиард сомонӣ истифода шудааст.
Номбурда гуфт, ки арзиши хонаҳо дар Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳо баланд нест.
Ин ниҳод мегӯяд, нархи як метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна 4 170 сомониро ташкил медиҳад.
Зувайдзода гуфт, дар ин давра мактаб барои 8604 нафар, беморхона бо 47 ҷойи хоб, дармонгоҳ барои қабули 200 нафар дар як баст ва муассиаҳои томактабӣ барои 260 нафар ба истифода дода шуд.
Тибқи омори ин ниҳод, аллакай аз 65 шаҳр барои 64-тои он нақшаи генералӣ таҳия шудааст. Дар ин давра аз ҷониби институтҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои давлатӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба маблағи 15,7 миллион сомонӣ анҷом шудаанд.
Чайхана Рохат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Бо супориши президент: чойхонаи "Роҳат" тахриб намешавад
Ин ниҳод мегӯяд, дар ин давра иҷозатнома барои корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 348 бор ва тамдиди муҳлати иҷозатнома 264 бор содир шуд, ки имкон дод, ба буҷет боз 601 ҳазор сомонӣ ворид шавад.
Ҳамзамон дар доираи фаъолияти кумита инчунин санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 1779 камбудӣ ошкор гардида, 519 дастур дода шуд, ки маблағи ҷаримаи он ба 705480 ҳазор сомонӣ мерасад.
Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон ахиран аввали солӣ ҷорӣ гуфта буд, ки таи 7 соли ахир дар ин кишвар наздик ба 8 миллион метри мураббаъ манозили маскунӣ ба баҳрабардорӣ расида.
Гуфта мешавад, тамоми муқаррарот ва қоидаҳои шаҳрсозии Тоҷикистон бо назардошти шароити меъморӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, талаботи бехатарии сӯхтор ва сейсмикӣ таҳия шудаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ, дар кишвар, дар маҷмуъ 2108 ширкат иҷозатномаи сохтмонӣ доранд, ки 53-тои онҳо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои Туркия ва дигар кишварҳо мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0