Пули аз сел тахрибшудаи Айнӣ-Панҷакент таъмир мешавад

© Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри ПанҷакентПули шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент
Пули шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
Аз пули мазкур, намояндаи ҳукумат, муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Панҷакент боздид намуда, супориш доданд, ки таъмири пул зудтар анҷом ёбад
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Пули мошингузари роҳи Панҷакент-Айнӣ соли гузашта бар асари омадани сел қисман тахриб шуд.
Ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, ки ин пул ба зудӣ таъмир мешавад. Ба иттилои манбаъ, чанде пеш Фарҳод Раҳимӣ намояндаи Ҳукумат бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд ва ҳамчунин раиси шаҳри Панҷакент аз пули тахрибшудаи канори деҳаи Рӯзи обнок дидан намуданд.
Гуфта мешавад, онҳо ба сардори Муассисаи давлатии истифодаи роҳҳои мошингарди шаҳр дастур доданд, ки корҳои таъмири пулро дар муддати кутоҳ ва босифат анҷом диҳанд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 130 миллион сомонӣ амалӣ гардид.
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Баъди дастури президент: дар Хоруғ пул ва роҳҳои нави автомобилгард месозанд
Бо ин маблағ 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуд.
Феълан, боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0