Баъди дастури президент: дар Хоруғ пул ва роҳҳои нави автомобилгард месозанд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бунёди роҳҳои нав ва долонҳои муҳофизатӣ барои тармафароиро пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, ки пули болои дарёи Ғунд сохта шавад.
Дарозии ин пул, ки дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ воқеъ аст, 200 метр хоҳад буд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод.
Лоиҳа дар ВМКБ сохтмони роҳҳои дохилшавиро ба масофаи 1,1 километр пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин дар шаҳраки Барсем бунёди роҳи мошингарди 3,4 километр, аз ҷумла бунёди ду долони зиддитарма ва пули 82,3 метра дар назар аст.
Маврид ба зирк аст, ки дар бораи сохтмони пулҳо ва роҳҳои мазкур дар ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари ахири худ ба ноҳияи Данғара ва суҳбат бо фаъолону сокинони маҳаллӣ роҳбарияти вилоят ва вазири нақлиёти Тоҷикистонро муваззаф карда буд.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
"Давлати хуби транзитӣ” - стратегияи ҷадиди Тоҷикистон
"Рафта корро сар мекунӣ, ҳам дар Хоруғ ва ҳам ноҳияҳои дигар. Аз гап ба амал гузаштан даркор", - таъкид намуда буд роҳбари давлат ба вазири нақлиёт.
Инчунин, бар асоси барномаи Вазорати нақлиёти кишвар дар ҳудуди вилояти Суғд қитъаҳои шоҳроҳҳои автомобилгард бо дарозии умумии 51,2 км, аз ҷумла қитъаи "Куруш - Бекобод", "Деҳмой - Б. Ғафуров", "Б. Ғафуров - Хистеварз" ва "Конибодом — Кучкак" таҷдид ва навсозӣ карда мешаванд.
Шартномаи дахлдор оид ба ироаи хадамоти машваратиро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори филиали ИСАН дар Алмаато Ҷон Хи Де ба имзо расониданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки мутахассисон бозсозии пули воқеъ дар километри 267-уми роҳи Душанбе-Чанакро анҷом доданд.
Тибқи иттилои вазорат дар Тоҷикистон умуман 26,7 ҳазор киллометр роҳ аст, ки аз он 14,3 ҳазор дар тавозуни ин ниҳод аст.
Лентаи хабарҳо
0