Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Собиқ роҳбарони Пентагону Департаменти давлатӣ: Путин шикаст дар Украинаро намепазирад

CC BY-SA 2.0 / Mariordo59 / Aerial view of the Pentagon, Arlington, VAЗдание Пентагона в США
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Обуна шудан
Президенти Русия гусинаи бохтро дар мавриди Украина дар назар надорад, изҳори боварӣ намуданд собиқ роҳбари Пентагон ва Департаменти давлатии ИМА
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Дар ИМА бовар доранд, ки президенти Русия, Владимир Путин ба шикасти кишвараш дар низоъ бо Украина роҳ намедиҳад.
Русия бо тамоми қувва талош хоҳад кард, то назоратро бар қаламравҳои нав нигоҳ дорад, изҳор доштанд роҳбари пешини Департаменти давлатии ИМА, Кондолиза Райс ва роҳбари собиқи Пентагон, Роберт Гейтс дар як матлабашон дар рӯзномаи The Washington Post.
Онҳо мутмаинанд, ки Владимир Путин ба аз даст додани қаламравҳои нав роҳ намедиҳад.
"Агар ӯ имсол ба муваффақияти низомӣ ноил нагардад, назорати мавқеъҳоро дар шарқ ва ҷануби Украина нигоҳ дорад, то дар оянда чун пойгоҳ барои ҳамалоту назорат бар боқимондаи соҳили баҳри Сиёҳи Украина ва тамоми Донбассро ба даст ораду сипас ба ғарб ҳаракат кунад", - омадааст дар матлаб.
 Президент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст
Ин дар ҳолест, ки ахиран намояндаи расмии президенти Туркия, Иброҳим Калин изҳор дошт, ки вазъият дар Украина дар давоми моҳҳои наздик боз ҳам шадидтар мешавад.
Қаблан раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагияшро барои миёнҷигарӣ миёни президенти Русия, Владимир Путин ва раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский баён дошта буд.
Владимир Путин дар суҳбати охир бо Эрдуғон омода будани Русияро ба музокироти ҷиддӣ, бо шартҳои қаблан баёншудаю воқеиятҳои нави ҳудудӣ баён дошт.
Дар навбати худ ҷониби Русия таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки на ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ барои ҳалли зуд ва бо роҳи мусолиматомези буҳрони Украина талош доранд, балки баръакс.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби Русия нақши тахрибкоронаи давлатҳои ғарбӣ сабт мешавад, ки низоми Киевро бо аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва иттилооти оперативӣ таъмин мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0