https://sputnik.tj/20230105/putin-erdughon-rusiya-muzokir-ukraina-omoda-1054014556.html
Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст
Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо кишвардори Туркия омодагии кишвараш ба музокирот бо Украинаро бо дарназардошти воқеиятҳои ҳудудӣ имрӯза, таъкид кард
2023-01-05T18:50+0500
2023-01-05T18:50+0500
2023-02-08T19:46+0500
донбасс
дар русия
украина
туркия
владимир путин
путин ва эрдӯғон
раҷаб тайиб эрдуғон
музокира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/14/1051541597_0:0:2985:1679_1920x0_80_0_0_538ade067017ed986b7a1ff17f935d8a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар гуфтугӯ бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдўғон, гуфт ки Русия омодааст барои музокира бо Украина, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Кохи Кремлин."Дар гуфтугӯ вазъи Украина мавриди баррасӣ қарор гирифт. Владимир Путин боз будани Русия ба музокироти ҷиддиро тасдиқ кард - ба шарте ки мақомоти Киев талаботҳое, ки қаблан баён шуда ва воқеиятҳои нави ҳудудиро ба инобат гиранд", - қайд кардааст дафтари матбуоти Кремл.Дар хабар омодагии Туркия ба унвони миёнарав дар музокираи Маскав ва Киев таъкид шудааст.Дар навбати худ Владимир Путин таваҷҷуҳи ҳамтои турки худро ба он ҷалб кард, ки на ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ барои ҳалли зуд ва бо роҳи мусолиматомез анҷом додани низоъ талош доранд."Аз ҷониби Русия нақши тахрибкоронаи давлатҳои ғарбӣ сабт мешавад. Онҳо режими Киевро аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва иттилооти оперативӣ таъмин мекунанд”, - афзуд Кремл.Дар ҳамин ҳол, ахиран раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки интизор дорад, рӯзи панҷшанбе бо Владимир Зеленский вазъи Украинаро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод кунад."Мо имрӯз нақша дорем бо оқои Зеленский суҳбат кунем. Вазъ дар Украинаро баррасӣ мекунем, роҳҳои коҳиш додани низоъро пешниҳод хоҳем кард. Мо ҳамчунин "долони ғалларо" баррасӣ хоҳем кард", — гуфт Эрдуғон.
https://sputnik.tj/20221228/pushilin-ukraina-mavji-navi-basijshavi-video-1053866264.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/14/1051541597_32:0:2763:2048_1920x0_80_0_0_f9541d47e57d20a6105c9ae5f590a10d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, туркия, путин, эрдуғон, музокира, сулҳ, воқеъият, ҳудуд
русия, украина, туркия, путин, эрдуғон, музокира, сулҳ, воқеъият, ҳудуд
Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст
18:50 05.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо кишвардори Туркия омодагии кишвараш ба музокирот бо Украинаро бо дарназардошти воқеиятҳои ҳудудӣ имрӯза, таъкид кард
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар гуфтугӯ бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдўғон, гуфт ки Русия омодааст барои музокира бо Украина, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Кохи Кремлин.
"Дар гуфтугӯ вазъи Украина мавриди баррасӣ қарор гирифт. Владимир Путин боз будани Русия ба музокироти ҷиддиро тасдиқ кард - ба шарте ки мақомоти Киев талаботҳое, ки қаблан баён шуда ва воқеиятҳои нави ҳудудиро ба инобат гиранд", - қайд кардааст дафтари матбуоти Кремл.
Дар хабар омодагии Туркия ба унвони миёнарав дар музокираи Маскав ва Киев таъкид шудааст.
Дар навбати худ Владимир Путин таваҷҷуҳи ҳамтои турки худро ба он ҷалб кард, ки на ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ барои ҳалли зуд ва бо роҳи мусолиматомез анҷом додани низоъ талош доранд.
"Аз ҷониби Русия нақши тахрибкоронаи давлатҳои ғарбӣ сабт мешавад. Онҳо режими Киевро аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва иттилооти оперативӣ таъмин мекунанд”, - афзуд Кремл.
Дар ҳамин ҳол, ахиран раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки интизор дорад, рӯзи панҷшанбе бо Владимир Зеленский вазъи Украинаро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод кунад.
"Мо имрӯз нақша дорем бо оқои Зеленский суҳбат кунем. Вазъ дар Украинаро баррасӣ мекунем, роҳҳои коҳиш додани низоъро пешниҳод хоҳем кард. Мо ҳамчунин "долони ғалларо" баррасӣ хоҳем кард", — гуфт Эрдуғон.