https://sputnik.tj/20230108/donishgohi-omuzgori-ozmun-tahsil-roygon-kor-tamin-1054042288.html
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ғолибони озмунҳоро бо таҳсили ройгону ҷойи кор таъмин мекунад
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ғолибони озмунҳоро бо таҳсили ройгону ҷойи кор таъмин мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон эълон кардааст, ки донишҷӯёне, ки дар озмунҳо пирӯз мешаванд ба онҳо иҷозаи таҳсили ройгон ва ҷойи кор дода мешавад
2023-01-08T09:32+0500
2023-01-08T09:32+0500
2023-01-08T09:32+0500
дар тоҷикистон
таҳсил
ройгон
донишгоҳ
донишгоҳи омӯзгорӣ
таҳсил
ройгон
ҷойи кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/68/1025396857_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_8ed6da18b6c72081c83ee66c9f65349d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки минбаъд донишҷӯёнеро, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, дар зинаи таҳсилоти магистратура тариқи буҷавӣ ба таҳсил ҷалб кунад.Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар додааст.Дар ин хусус ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз доштааст, ки донишҷӯён баъд аз хатми зинаи мазкур дар донишгоҳ бо кор таъмин карда мешаванд.Гуфта шудааст, ки тасмими ректори донишгоҳ барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ гирифта шудааст.Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20221228/tatil-zimistona-makotib-tojikiston-1053860370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/68/1025396857_374:0:2625:1688_1920x0_80_0_0_fe29f9cbbf3dc52fb47499245c671397.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, таҳсил ройгон, донишҷӯ, ҷойи кор
тоҷикистон, донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, таҳсил ройгон, донишҷӯ, ҷойи кор
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ғолибони озмунҳоро бо таҳсили ройгону ҷойи кор таъмин мекунад
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон эълон кардааст, ки донишҷӯёне, ки дар озмунҳо пирӯз мешаванд ба онҳо иҷозаи таҳсили ройгон ва ҷойи кор дода мешавад
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки минбаъд донишҷӯёнеро, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, дар зинаи таҳсилоти магистратура тариқи буҷавӣ ба таҳсил ҷалб кунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин хусус ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз доштааст, ки донишҷӯён баъд аз хатми зинаи мазкур дар донишгоҳ бо кор таъмин карда мешаванд.
Гуфта шудааст, ки тасмими ректори донишгоҳ барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ гирифта шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.
Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.