https://sputnik.tj/20221228/tatil-zimistona-makotib-tojikiston-1053860370.html
Таътили зимистона дар Тоҷикистон ва даъвати вазорати маориф аз волидон
Таътили зимистона дар Тоҷикистон ва даъвати вазорати маориф аз волидон
Sputnik Тоҷикистон
Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд
2022-12-28T16:20+0500
2022-12-28T16:20+0500
2022-12-28T16:25+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
таътил
зимистон
талабагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032671952_0:163:3063:1885_1920x0_80_0_0_628ef02620ba0378df32b61f115c18bc.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Аз 1 январи соли 2023 муҳассилини тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд. Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, таътили зимистона 10 рӯз давом хоҳад кард. Таъкид шудааст, ки 11 январ дар тамоми мактабҳо дарсҳо дигарбора оғоз гардиданд. Мақомоти бахши маориф эълон карданд, ки дар таътили зимистона хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб мегарданд. Вазорати маориф ва илм аз волидон даъват намудаст, ки дар таътили зимистона фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва намонанд, ки онҳо вақташонро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда сарф намоянд. Инчунин даъват шудааст, ки аз оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти муҳассилин дар кӯчаю марказҳои интернетӣ ҷилавгирӣ шавад. Вазорат таъкид намудаст, ки таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни "Муаллими сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон ва чорабиниҳои таълимӣ машғул хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20221007/se-maktab-deha-sarbozoni-kushtashuda-munoqishahoi-marzi-1051954647.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032671952_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_417fc31d85deeeacf0f1916cd68ed1a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таътил, зимистона, тоҷикистон, таҳсил
таътил, зимистона, тоҷикистон, таҳсил
Таътили зимистона дар Тоҷикистон ва даъвати вазорати маориф аз волидон
16:20 28.12.2022 (Навсозишуда: 16:25 28.12.2022) Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Аз 1 январи соли 2023 муҳассилини тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, таътили зимистона 10 рӯз давом хоҳад кард.
"Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки 11 январ дар тамоми мактабҳо дарсҳо дигарбора оғоз гардиданд.
Мақомоти бахши маориф эълон карданд, ки дар таътили зимистона хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб мегарданд.
Вазорати маориф ва илм аз волидон даъват намудаст, ки дар таътили зимистона фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва намонанд, ки онҳо вақташонро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда сарф намоянд.
Инчунин даъват шудааст, ки аз оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти муҳассилин дар кӯчаю марказҳои интернетӣ ҷилавгирӣ шавад.
Вазорат таъкид намудаст, ки таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни "Муаллими сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон ва чорабиниҳои таълимӣ машғул хоҳанд шуд.