Вокуниши Мирзиёев ба марги 19 кӯдак аз доруи зидди зуком

© пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
Тафтишоти марги ноболиғон аз ҷониби Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои дарёфти омилони ҳодиса гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев директори Агентии рушди саноати дорусозӣ, Сардор Қариевро баъди марги 19 кӯдак бар асари истеъмоли доруи зидди зуком аз вазифаи барканор кард.
Котиби матбуотии президенти ин кишвар Шерзод Асадов дар Телеграм навишт, ки вазъи соҳаи дорусозиро Мирзиёев шадидан танқид кардааст.
"Марги кӯдакон дар Самарқанд ва Қашқадарё аз вазъи кор дар маҳалҳо, беназоратиро нишон дод. Имрӯз ман раиси агентии дорусозӣ Қариевро барканор кардам. Ҳама гунаҳкорони ин ҳодиса дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод", - изҳор доштааст президент.
Қариев аз соли 2019 инҷониб ин оҷонсро раҳбарӣ мекард. Қабл аз ин ӯ 15 сол раҳбарии ширкати дорусозии urabek Laboratories-ро бар ӯҳда дошт.
Қаблан Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон аз рӯи далели марги 18 кудак аз доруи "Док-1 Макс" парванда боз карда буд, ки бар асоси он ба омилон то 18 соли зиндон таҳдид мекунад.
Таблетки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Ҳинд истеҳсоли доруи "кӯдаккуш"-ро мутаваққиф кард
Намояндагони воридкунанда ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи доруворӣ боздошт шуданд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар таркиби дору гликоли заҳрноки этиленӣ мавҷуд аст. Ин модда дар дорусозӣ танҳо дар вояи микроскопӣ истифода мешавад.
Соҳаи асосии татбиқи он истеҳсоли маводи тарканда, антифриз барои муҳаррикҳои автомобилӣ, мошинҳои шишагин ва баъзе навъҳои пластикӣ мебошад.
Рӯзи 29 декабр додситонии вилояти Қашқадарё аз марги як кӯдаки дигар, ки низ ин доруро истеъмол кардааст, хабар дод. Ҳамин тариқ, шумораи қурбониён ба 19 нафар расид.
Ба гузориши Sputnik Ӯзбакистон, Ҳинд бошад ба таҳқиқи ширкати Marion Biotech, тавлидкунандаи "Dok-1 Max" шурӯъ кардааст. Тафтишотро Идораи иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи мухаддир дар Уттар Прадеш анҷом медиҳад. Он аз ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи кӯдакони фавтида гузориш дархост кардааст.
Аптека в Согдийской области Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Тоҷикистон фурӯши доруи "кӯдаккуш"-ро мамнуъ кард
Моҳи октябр ҳукумати Гамбияниз аз марги 70 кӯдак аз дарди шадиди гурда хабар дод. Мақомоти кишвар инро ба истеъмоли шарбатҳои сулфаи ҳиндии дорои пайвастагиҳои заҳролуд рабт доданд.
Баъдан Индонезия низ мавҷудияти этиленгликол ва диэтиленгликол дар бархе аз доруҳоро иллати эҳтимолии марги 141 кӯдак, ки аксари онҳо зери панҷ сол буданд, унвон кард.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки чунин навъи дору дар кишвар аз соли 2002 истифода мешавад, аммо ягон ҳодисаи ногувор сабт нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ҳаводиси дар Ӯзбекистон рухдода, фурӯши ин доруро дар Тоҷикистон низ манъ карданд.
Лентаи хабарҳо
0