Ҳинд истеҳсоли доруи "кӯдаккуш"-ро мутаваққиф кард

CC0 / Pxhere / Таблетки
Таблетки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
Мақомоти Ҳиндустон ба таҳқиқи тавлиди доруе оғоз кардаанд, ки истифодаи он бо мақсади табобати кӯдакон дар Ӯзбекистон бо марг анҷомидааст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Идораи муҷаввиздиҳӣ ва назоратии Ҳиндустон иҷозатномаи ширкати тавлиди доруҳои "Marion Biotech"-ро бозхонд кардааст.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, маҳз ширкати мазкур доруи "Док-1 Макс"-ро тавлид кардааст, ки аз истифодаи он дар Ӯзбекистон 19 кӯдак фавтидаанд.
Дар пайи ин иддаои ҷониби Ӯзбекистон, Идораи муҷаввиздиҳӣ ва назоратии Ҳиндустон ба таҳқиқи қазия пардохтааст. Дар зимн фаъолияти ширкати тавлидкунандаи дору мутаваққиф шудаст.
Идораи назорати бахши тандурустии Ҳиндустон аллакай парванда оғоз карда, аз мақомоти Ӯзбекистон тафсилотро дархост кардааст.
Фурӯши "Док-1 Макс" феълан дар Ӯзбекистон мамнуъ буда, дар пайи ҳаводиси нохуш Қирғизистон низ доруро аз истифода бардоштааст.
Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо омодагии бемористонҳои Душанбе ба зимистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Пас аз ҳуҷуми зукоми мавсимӣ: Вазир омодагии бемористонҳоро санҷид
Маврид ба зикр аст, ки ҳолатҳои фавти кӯдакон бар асари ин беморӣ дар Самарқанд ба қайд гирифта шуд.
Раёсати Маркази тиббии чандманзураи кӯдаконаи Самарқанд дар номае ба идораи беҳдоштии Ӯзбекистон иллати марги кӯдаконро истифодаи ин дору унвон кард.
Бар асоси ин гузориш, кӯдакон пас аз истифодаи дору ба норасоии шадиди кори гурда гирифтор шуданд.
Дар пайи ин ҳодиса бархе аз мақомдорони тандурустии вилояти Самарқанд барои хунукназарӣ аз мақом барканор шудаанд. Аз ҷумла сардухтури маркази тиббии кӯдаконаи Самарқанд, ки аз фавти кӯдакон гузориш дод, барканор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0