https://sputnik.tj/20221230/tojikiston-furushi-doru-kudakkush-mamnu-1053936008.html
Тоҷикистон фурӯши доруи "кӯдаккуш"-ро мамнуъ кард
Тоҷикистон фурӯши доруи "кӯдаккуш"-ро мамнуъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Идораи назорати давлатии фармасевтии Тоҷикистон харидуфурӯши доруеро, ки гуфта мешавад, дар Ӯзбекистон боиси марги кӯдакон шудааст, мутаваққиф кард
2022-12-30T16:00+0500
2022-12-30T16:00+0500
2022-12-30T16:14+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
бемор
дору
манъ
назорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032473070_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_c113da062314dd6b3478e9442ccef82d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати паёмади номатлуби истифодаи доруи "Док-1 Макс" ба қайд гирифта нашудааст, аммо мақомот барои эҳтиёт фурӯши онро мутаваққиф кардаанд. Сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Нурмуҳаммад Гулзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, доруе, ки истифодаи он баҳсбарангез шудааст, дар кишвар аз соли 2002 мавриди корбурд қарор дорад. Вай таъкид намуд, ки ва то ҳол ягон ҳолати паёмади номатлуби истифодаи он ба қайд гирифта нашудааст. Ба гуфтаи Гулзода, ин навъи дору дар Тоҷикистон хеле кам мавриди истифода қарор дорад.Бо вуҷуд, дар пайи сарусадо атрофи ҳолатҳои маргбор дар Ӯзбекистон, мақомоти тоҷик низ фурӯши онро мутаваққиф кардаанд. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи дорусозӣ масъаларо омӯхта истодааст ва қазияро пайгирӣ дорад, илова намуд Гулзода. Таъкид шуд, ки Хадамот ҳар доруро пурра омӯхта, танҳо баъдан барои вуруди он иҷозат додаанд. Ин дар ҳолест, ки идораи муҷаввиздиҳӣ ва назорати дорусозаии Ҳиндустон тавлиди ин доруро аз сӯи ширкати "Marion Biotech" мутаваққиф намуд. Идораи назорати бахши тандурустии Ҳиндустон аллакай парванда оғоз карда, аз мақомоти Ӯзбекистон тафсилотро дархост кардааст. Бар асоси гузоришҳои нашршуда, маҳз ширкати мазкур доруи "Док-1 Макс"-ро тавлид кардааст, ки аз истифодаи он дар Ӯзбекистон 19 кӯдак фавтидаанд. Гуфта мешавад, ки дар кӯдакон пас аз истифодаи дору, норасоии шадиди кори гурда сабт шудааст. Фурӯши "Док-1 Макс" феълан дар Ӯзбекистон мамнуъ буда, дар пайи ҳаводиси нохуш Қирғизистон низ доруро аз истифода бардоштааст.
https://sputnik.tj/20221221/muhojiron-rusiya-bemor-khatarnok-moyakubi-1053665917.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032473070_45:0:2776:2048_1920x0_80_0_0_1d0e57bea16721161ae59a3bfac245b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фурӯш, мавод, дору, мамнуъ
тоҷикистон, фурӯш, мавод, дору, мамнуъ
Тоҷикистон фурӯши доруи "кӯдаккуш"-ро мамнуъ кард
16:00 30.12.2022 (Навсозишуда: 16:14 30.12.2022) Эксклюзив
Идораи назорати давлатии фармасевтии Тоҷикистон харидуфурӯши доруеро, ки гуфта мешавад, дар Ӯзбекистон боиси марги кӯдакон шудааст, мутаваққиф кард
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати паёмади номатлуби истифодаи доруи "Док-1 Макс" ба қайд гирифта нашудааст, аммо мақомот барои эҳтиёт фурӯши онро мутаваққиф кардаанд.
Сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Нурмуҳаммад Гулзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, доруе, ки истифодаи он баҳсбарангез шудааст, дар кишвар аз соли 2002 мавриди корбурд қарор дорад.
Вай таъкид намуд, ки ва то ҳол ягон ҳолати паёмади номатлуби истифодаи он ба қайд гирифта нашудааст. Ба гуфтаи Гулзода, ин навъи дору дар Тоҷикистон хеле кам мавриди истифода қарор дорад.
Бо вуҷуд, дар пайи сарусадо атрофи ҳолатҳои маргбор дар Ӯзбекистон, мақомоти тоҷик низ фурӯши онро мутаваққиф кардаанд.
Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи дорусозӣ масъаларо омӯхта истодааст ва қазияро пайгирӣ дорад, илова намуд Гулзода. Таъкид шуд, ки Хадамот ҳар доруро пурра омӯхта, танҳо баъдан барои вуруди он иҷозат додаанд.
Ин дар ҳолест, ки идораи муҷаввиздиҳӣ ва назорати дорусозаии Ҳиндустон тавлиди ин доруро аз сӯи ширкати "Marion Biotech" мутаваққиф намуд. Идораи назорати бахши тандурустии Ҳиндустон аллакай парванда оғоз карда, аз мақомоти Ӯзбекистон тафсилотро дархост кардааст.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, маҳз ширкати мазкур доруи "Док-1 Макс"-ро тавлид кардааст, ки аз истифодаи он дар Ӯзбекистон 19 кӯдак фавтидаанд. Гуфта мешавад, ки дар кӯдакон пас аз истифодаи дору, норасоии шадиди кори гурда сабт шудааст.
Фурӯши "Док-1 Макс" феълан дар Ӯзбекистон мамнуъ буда, дар пайи ҳаводиси нохуш Қирғизистон низ доруро аз истифода бардоштааст.