Дар Ӯзбекистон боз як кӯдаки дигар аз доруи ҳангомаангези ҳиндӣ заҳролуд шуд

© Sputnik / Владимир Смирнов / Гузариш ба медиабонкВрач, архивное фото
Врач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
Мавзуи доруи "кудаккуши" ҳиндии "Док-1 Макс" то рафт дар Ӯзбекистон доғтар мегардад, зеро истифодаи он фавтидаву бериро дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар шаҳри Қувасойи Ӯзбекистон боз як кудаки сесолаи дигар аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" дар бемористон бистарӣ шудааст.
Бино ба гузориши Sputnik Ӯзбекистон кудак дар шӯъбаи эҳёгарии кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии тиббии ёрии таъҷилӣ дар Фарғона бистарӣ аст.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи нигахдории тандурустии вилоят Абдуқаюм Тохтакулов ҳолати кудак вазнин буда, ҳоло тибқи стандарти тасдикшудаи табобат мегирад.
Тавре намояндагони Раёсати тандурустии вилоят қайд карданд, мақомот ба тамоми муассисаҳои тиббии вилоят дастур додаанд, ки аз истеъмоли доруи "Doc-1 Max" худдорӣ кунанд.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Вокуниши Мирзиёев ба марги 19 кӯдак аз доруи зидди зуком
Гуфта мешавад, ҳоло миёни аҳолӣ барои паст кардани таби кудакон на бо доруҳои гуногун, балки бо роҳҳои табиӣ анҷом додани он, фаҳмондадиҳӣ идома дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, то кунун дар Ӯзбекистон 19 кудак пас аз нӯшидани шарбати "Doc-1 Max" ба ҳалокат расидаанд.
Дар пайи ин ҳаводис Шавкат Мирзиёев директори Агентии рушди саноати дорусозӣ, Сардор Қариевро аз вазифаи барканор кард. Ҳамчунин, намояндагони воридкунанда ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи доруворӣ боздошт шуданд.
Намояндагони воридкунанда ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи доруворӣ боздошт шуданд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар таркиби дору гликоли заҳрноки этиленӣ мавҷуд аст. Ин модда дар дорусозӣ танҳо дар вояи микроскопӣ истифода мешавад.
Соҳаи асосии татбиқи он истеҳсоли маводи тарканда, антифриз барои муҳаррикҳои автомобилӣ, мошинҳои шишагин ва баъзе навъҳои пластикӣ мебошад.
Рӯзи 29 декабр додситонии вилояти Қашқадарё аз марги як кӯдаки дигар, ки низ ин доруро истеъмол кардааст, хабар дод. Ҳамин тариқ, шумораи қурбониён ба 19 нафар расид.
Аптека в Согдийской области Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Тоҷикистон фурӯши доруи "кӯдаккуш"-ро мамнуъ кард
Тибқи гузоришҳо, Ҳинд бошад ба таҳқиқи ширкати Marion Biotech, тавлидкунандаи "Dok-1 Max" шурӯъ кардааст. Тафтишотро Идораи иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи мухаддир дар Уттар Прадеш анҷом медиҳад. Он аз ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи кӯдакони фавтида гузориш дархост кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин дору аз соли 2012 дар Ӯзбекистон истифода мешавад ва бастаи ахири воридод чунин ҳолатҳоро пеш овардааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки чунин навъи дору дар кишвар аз соли 2002 истифода мешавад, аммо ягон ҳодисаи ногувор сабт нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ҳаводиси дар Ӯзбекистон рухдода, фурӯши ин доруро дар Тоҷикистон низ манъ карданд.
Лентаи хабарҳо
0