https://sputnik.tj/20230102/rohbaron-tolibon-pul-kumak-duzdi-1053970718.html
Foreign Policy: роҳбарони толибон пули кумакҳоро медузданд
Foreign Policy: роҳбарони толибон пули кумакҳоро медузданд
Sputnik Тоҷикистон
Гузоришҳо дар бораи нарасидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон борҳо аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ садодода буд
2023-01-02T12:15+0500
2023-01-02T12:15+0500
2023-01-02T12:15+0500
толибон
афғонистон
кӯмак
пул
дуздӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/71/1013657152_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_eea8d5f7bb674e1e75dc27be0176d239.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Раҳбарон ва фармондеҳони толибон аз даҳҳо миллион долларе, ки тавассути ҳавопаймо ба кишвар ворид шуда буданд, дуздидаанд.Дар ин бора маҷаллаи "Foreign Policy" дар нашри ахираш гузориш додааст. Ба иттилои манбаъ, саркардагони гуруҳи ҳоким бар Афғонистон ин пулро барои нигоҳ доштани "тарафдоронаш" истифода кардаанд. Ҳамчунин ин пули нақд барои ғизо ва маблағгузории амалиёти хусусӣ истифода мешавад.Шикоятҳои тӯлонӣ дар бораи мамнӯъияти кумакҳои башардӯстонаи толибон ба бархе аз ҷамоатҳо ва вилоятҳои саросари Афғонистон расидаанд. Ҷабҳаи муқовимат қаблан гуфта буда, ки ин гуруҳ барои нигоҳ доштани нерӯи низомияш аз кумакҳои башардӯстона истифода мекунад ва қисмати каме аз онро ба сокинон медиҳад.Ҳамзамон гуруҳи такқавмӣ, ки ҳамагӣ дар раъс паштунҳоянд, дар тақсими кумакрҳо низ сокиноин Афғонистонро ба худию бегона ҷудо мекунанд.Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, 97 дарсади аҳолии Афғонистон дар фақр ба сар мебаранд ва миллионҳо нафар барои зинда мондан ба кумакҳо вобастаанд.Қаблан ин созмон ҳушдор дод, ки бо фаро расидани зимистон, вазъият дар Афғонистон вахимтар хоҳад шуд, зеро қимати маводи хурокӣ ва сӯхт аз қабл дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ва бо сард шудани ҳаво қиматҳо ба осмонӣ хоҳад расид.Бо ишора ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон гуфта мешавад, ин кишвар аз дер муддатзамон ба ин ба шиддати вобаста ба кумакҳои инкишофии ҷомеъаи байналмилалӣ будааст кумакҳое, ки пас аз мусаллат шудани толибон дар августи соли 2021 қатъ шуд.Бино ба гузоришҳо беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ранҷ мебаранд, ки аз он ҷумла бар асоси тахмин, беш як миллион кудак бо сӯйи тағзияи шадид дасту панҷа нарм мекунанд ва агар ба хадамоти сиҳӣ муносиби дастрасӣ пайдо накунанд, онон мумкин бо таҳдиди марг мувоҷеҳ шаванд.
https://sputnik.tj/20221229/smm-tolibon-zanon-ijoza-kor-1053873295.html
https://sputnik.tj/20221230/imdodgaron-zan-kumak-bashardustona-afghoniston-1053927786.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/71/1013657152_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_b2d4ff163dcdd3e377ce5f9b6cfbc0d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбарон толибон пул кумак дуздӣ
роҳбарон толибон пул кумак дуздӣ
Foreign Policy: роҳбарони толибон пули кумакҳоро медузданд
Гузоришҳо дар бораи нарасидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон борҳо аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ садодода буд
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Раҳбарон ва фармондеҳони толибон аз даҳҳо миллион долларе, ки тавассути ҳавопаймо ба кишвар ворид шуда буданд, дуздидаанд.
Дар ин бора маҷаллаи "Foreign Policy" дар нашри ахираш гузориш додааст.
Ба иттилои манбаъ, саркардагони гуруҳи ҳоким бар Афғонистон ин пулро барои нигоҳ доштани "тарафдоронаш" истифода кардаанд.
Ҳамчунин ин пули нақд барои ғизо ва маблағгузории амалиёти хусусӣ истифода мешавад.
Шикоятҳои тӯлонӣ дар бораи мамнӯъияти кумакҳои башардӯстонаи толибон ба бархе аз ҷамоатҳо ва вилоятҳои саросари Афғонистон расидаанд.
Ҷабҳаи муқовимат қаблан гуфта буда, ки ин гуруҳ барои нигоҳ доштани нерӯи низомияш аз кумакҳои башардӯстона истифода мекунад ва қисмати каме аз онро ба сокинон медиҳад.
Ҳамзамон гуруҳи такқавмӣ, ки ҳамагӣ дар раъс паштунҳоянд, дар тақсими кумакрҳо низ сокиноин Афғонистонро ба худию бегона ҷудо мекунанд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, 97 дарсади аҳолии Афғонистон дар фақр ба сар мебаранд ва миллионҳо нафар барои зинда мондан ба кумакҳо вобастаанд.
Қаблан ин созмон ҳушдор дод, ки бо фаро расидани зимистон, вазъият дар Афғонистон вахимтар хоҳад шуд, зеро қимати маводи хурокӣ ва сӯхт аз қабл дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ва бо сард шудани ҳаво қиматҳо ба осмонӣ хоҳад расид.
Бо ишора ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон гуфта мешавад, ин кишвар аз дер муддатзамон ба ин ба шиддати вобаста ба кумакҳои инкишофии ҷомеъаи байналмилалӣ будааст кумакҳое, ки пас аз мусаллат шудани толибон дар августи соли 2021 қатъ шуд.
Бино ба гузоришҳо беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ранҷ мебаранд, ки аз он ҷумла бар асоси тахмин, беш як миллион кудак бо сӯйи тағзияи шадид дасту панҷа нарм мекунанд ва агар ба хадамоти сиҳӣ муносиби дастрасӣ пайдо накунанд, онон мумкин бо таҳдиди марг мувоҷеҳ шаванд.