https://sputnik.tj/20221230/imdodgaron-zan-kumak-bashardustona-afghoniston-1053927786.html
Бидуни имдодгарони зан кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон имконпазир нест
Бидуни имдодгарони зан кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон имконпазир нест
Sputnik Тоҷикистон
Созмонҳои ҷаҳонӣ пешбинӣ кардаанд то фаъолиятҳояшон дар Афғонистон мутавақиф шавад, чун ироаи кумакҳои башардӯстона бидуни имдодгарони зан имконпазир нест
2022-12-30T15:06+0500
2022-12-30T15:06+0500
2022-12-30T15:06+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
имдодрасонӣ
кӯмак
смм
толибон
зан
кӯмаки башардӯстона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/19/1053778654_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_dfe15048fb131d93de49a30a53556610.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Мудирони кумитаҳои бистгонаи Созмони Милали Муттаҳид ва кумакрасон аз ҷумлаи дафтари Созмони Милал барои ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстона дар баёнияи муштарак гуфтаанд, мамнуъияти кори занон зарбаи бузурге ба бахшҳои осебпазири ҷомеъа аз ҷумла занон ва кӯдакон мезанад, хабар додааст Sputnik Афғонистон.Дар эъломияи муштараки кумитаҳои бистгонаи СММ гуфта шудааст, ки занон бо ифои нақши омузгорон, коршиносони тағзия, раҳбарони тимҳо, коркунони беҳдошт, воксинотурҳо, парасторон ва доктрон метавонанд ба ҷамъиятҳое дастрасӣ дошта бошанд, ки мардон қодир ба он нестанд.Мудирони созмонҳои ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки кормандони зан калиди муҳими посух ба буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ҳастанд.Тибқи эъломия ҳамакнун бархе барномаҳои башардӯстона ба далел набуди кормандони зан дар созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон муваққатан мутаваққиф шудааст, дар ҳоле, ки 28 миллион тан барои зинда мондан ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.Мудирони кумитаҳои бистгонаи СММ гуфтаанд, ки мушорикати занон дар кумакрасонӣ қобили музокира нест ва бояд идома ёбад.Онон пешбинӣ кардаанд, ки мумкин аст бисёре аз фаъолиятҳояшон дар Афғонистон мутаваққиф шавад, чун ироаи кумакҳои башардӯстона бидуни имдодгарони зан имконпазир нест.Созмонҳо аз толибон хостанд, ки тасмими мамнуъияти кор, омузиш ва таҳсили занонро лағв кунанд ва ҳеҷ кишваре наметавонад нисфе аз ҷамъияти худро аз мушорикат дар ҷомеъа маҳрӯм кунад.
https://sputnik.tj/20221230/karzay-amriko-fasodi-afghoniston-naqsh-1053913452.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/19/1053778654_193:0:2924:2048_1920x0_80_0_0_26d2cff8e9ee3c926d6595bb7f3f7d00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, занон, кумакҳои башардӯстона, имконпазир, имдодгар, созмонҳои ҷаҳонӣ
афғонистон, занон, кумакҳои башардӯстона, имконпазир, имдодгар, созмонҳои ҷаҳонӣ
Бидуни имдодгарони зан кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон имконпазир нест
Созмонҳои ҷаҳонӣ пешбинӣ кардаанд то фаъолиятҳояшон дар Афғонистон мутавақиф шавад, чун ироаи кумакҳои башардӯстона бидуни имдодгарони зан имконпазир нест
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Мудирони кумитаҳои бистгонаи Созмони Милали Муттаҳид ва кумакрасон аз ҷумлаи дафтари Созмони Милал барои ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстона дар баёнияи муштарак гуфтаанд, мамнуъияти кори занон зарбаи бузурге ба бахшҳои осебпазири ҷомеъа аз ҷумла занон ва кӯдакон мезанад, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Дар эъломияи муштараки кумитаҳои бистгонаи СММ гуфта шудааст, ки занон бо ифои нақши омузгорон, коршиносони тағзия, раҳбарони тимҳо, коркунони беҳдошт, воксинотурҳо, парасторон ва доктрон метавонанд ба ҷамъиятҳое дастрасӣ дошта бошанд, ки мардон қодир ба он нестанд.
Мудирони созмонҳои ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки кормандони зан калиди муҳими посух ба буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ҳастанд.
"Занон бо ифои нақши омузгорон, коршиносони тағзия, раҳбарони тимҳо, коркунони беҳдошт, воксинотурҳо, парасторон ва доктрон метавонанд ба ҷамъиятҳое дастрасӣ дошта бошанд, ки ҳамкорони мардашони қодир ба он нестанд", - гуфта шудааст дар ин баёния.
Тибқи эъломия ҳамакнун бархе барномаҳои башардӯстона ба далел набуди кормандони зан дар созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон муваққатан мутаваққиф шудааст, дар ҳоле, ки 28 миллион тан барои зинда мондан ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
Мудирони кумитаҳои бистгонаи СММ гуфтаанд, ки мушорикати занон дар кумакрасонӣ қобили музокира нест ва бояд идома ёбад.
Онон пешбинӣ кардаанд, ки мумкин аст бисёре аз фаъолиятҳояшон дар Афғонистон мутаваққиф шавад, чун ироаи кумакҳои башардӯстона бидуни имдодгарони зан имконпазир нест.
Созмонҳо аз толибон хостанд, ки тасмими мамнуъияти кор, омузиш ва таҳсили занонро лағв кунанд ва ҳеҷ кишваре наметавонад нисфе аз ҷамъияти худро аз мушорикат дар ҷомеъа маҳрӯм кунад.