https://sputnik.tj/20221229/smm-tolibon-zanon-ijoza-kor-1053873295.html
СММ аз толибон хост, ки ба занон иҷозаи кор диҳанд
СММ аз толибон хост, ки ба занон иҷозаи кор диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ин пеш аз ҳама дар бораи кори занони афғонистонӣ дар созмонҳои башардӯстона аст, ки қаблан аз ҷониби ҳукумати нави Кобул манъ карда шуда буд
2022-12-29T11:33+0500
2022-12-29T11:33+0500
2022-12-29T11:33+0500
смм
афғонистон
занон
кор
толибон
сиёсат
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041898472_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8b40913d00553834c383c006e1a053d4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раҳбарони ниҳодҳои Созмони Милал аз толибон даъват кардаанд, ки ба занон дар созмонҳои ғайридавлатии башардӯстона кор кунанд, гуфта мешавад дар изҳорот раҳбарони созмонҳои мухталифи ин ташкилот. Ба гуфтаи муовини Дабири кулли СММ дар умури башардӯстона Мартин Гриффитс, раҳбарони дафтарҳои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, гурезаҳо, озуқаворӣ, ЮНИСЕФ, ТУТ ва дигар ниҳодҳо, ҳукумати Афғонистон бояд ба занон имкон диҳад, ки дар созмонҳои ғайридавлатии башардӯстона кор кунанд.Толибон қаблан ба тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур дода буданд, ки кори кормандони занро мутаваққиф кунанд.Муаллифони изҳорот ба СММ қайд мекунанд, ки чунин тасмим барои табақаҳои осебпазир, барои занон, кӯдакон ва тамоми кишвар зарбаи ҷиддӣ аст. Қайд карда мешавад, ки ҳеҷ кишвар наметавонад нисфи аҳолии худро аз иштирок дар ҷомеа хориҷ кунад. Манъи иштироки занон дар корҳои башардӯстона барои тамоми афғонистониҳо оқибатҳои фаврӣ таҳдидкунанда дорад, гуфта мешавад дар муроҷиатнома. "Ин дар ҳолест, ки беш аз 28 миллион нафар дар Афғонистон, аз ҷумла миллионҳо занону кӯдакон барои зинда мондан ба кумак ниёз доранд", - гуфтаанд муаллифон. Дар изҳорот таъкид шудааст, ки кишварро айни замон бо хатари гуруснагӣ, таназзули иқтисодӣ, фақр ва зимистони сахт домангир аст
https://sputnik.tj/20221225/mahdudiyati-digari-tolibho-baroi-zanon-dar-afghoniston-1053783336.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041898472_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_08331eb9faa326b614a5d87f2fd5e2c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм толибон занон иҷоза кор
смм толибон занон иҷоза кор
СММ аз толибон хост, ки ба занон иҷозаи кор диҳанд
Ин пеш аз ҳама дар бораи кори занони афғонистонӣ дар созмонҳои башардӯстона аст, ки қаблан аз ҷониби ҳукумати нави Кобул манъ карда шуда буд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раҳбарони ниҳодҳои Созмони Милал аз толибон даъват кардаанд, ки ба занон дар созмонҳои ғайридавлатии башардӯстона кор кунанд, гуфта мешавад дар изҳорот раҳбарони созмонҳои мухталифи ин ташкилот.
Ба гуфтаи муовини Дабири кулли СММ дар умури башардӯстона Мартин Гриффитс, раҳбарони дафтарҳои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, гурезаҳо, озуқаворӣ, ЮНИСЕФ, ТУТ ва дигар ниҳодҳо, ҳукумати Афғонистон бояд ба занон имкон диҳад, ки дар созмонҳои ғайридавлатии башардӯстона кор кунанд.
Толибон қаблан ба тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур дода буданд, ки кори кормандони занро мутаваққиф кунанд.
Муаллифони изҳорот ба СММ қайд мекунанд, ки чунин тасмим барои табақаҳои осебпазир, барои занон, кӯдакон ва тамоми кишвар зарбаи ҷиддӣ аст.
"Мо аз мақомот даъват мекунем, ки ин дастур ва ҳама дастурҳоеро, ки рафтани занон ба мактабҳо, донишгоҳҳо ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятиро манъ мекунанд, бознигарӣ ва лағв кунанд",- гуфта мешавад дар изҳорот.
Қайд карда мешавад, ки ҳеҷ кишвар наметавонад нисфи аҳолии худро аз иштирок дар ҷомеа хориҷ кунад.
Манъи иштироки занон дар корҳои башардӯстона барои тамоми афғонистониҳо оқибатҳои фаврӣ таҳдидкунанда дорад, гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
"Ин дар ҳолест, ки беш аз 28 миллион нафар дар Афғонистон, аз ҷумла миллионҳо занону кӯдакон барои зинда мондан ба кумак ниёз доранд", - гуфтаанд муаллифон.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки кишварро айни замон бо хатари гуруснагӣ, таназзули иқтисодӣ, фақр ва зимистони сахт домангир аст