https://sputnik.tj/20230102/kabulov-talosh-amriko-bozgasht-afghoniston-nigaronkunanda-1053974340.html
Замир Кабулов: Талошҳои Амрико барои бозгашт ба Афғонистон нигаронкунанда аст
Замир Кабулов: Талошҳои Амрико барои бозгашт ба Афғонистон нигаронкунанда аст
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳидаи амрико дигарбора талош дорад, пас аз хуруҷи шармовар дар Афғонистон ҳузур пайдо кунанд, ки ҷониби Русия инро мояи нигаронӣ хондааст
2023-01-02T19:02+0500
2023-01-02T19:02+0500
2023-02-08T19:46+0500
има
афғонистон
замир кабулов
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/10/1052871300_0:528:1918:1607_1920x0_80_0_0_520484a39922370ad450cdbcf04b62cc.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон аз талошҳои Амрико барои бозгашт ба Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории ҳиндуи гуфтааст, ки талошҳои Амрико барои назорат ва таъсир ба масоили Афғонистон, аз ҷумла тавассути таъсиси таъсисоти низомӣ дар кишварҳои ҳамсоя, ташвишовар аст. Вай афзудааст, ки агар Вошингтон дороиҳои молии Афғонистонро, ки барои таҳкими тавонмандиҳои зиддитеррористӣ зарур аст, озод кунад, метавонист кумаки бештаре ироа кунад.Қаблан низ таҳлилгарони Афғонистон гуфта буданд, ки намояндаи вижаи ИМА дар умумри Афғонистон Том Вист бо саркардаҳои толибон дар Қатару Иморот вориди гуфтугӯ шудаанд.Онҳо ба кумаки 40-50 миллиондолларии Амрико дар ҳар ҳафта ба ин гуруҳ ишора карда, мегӯянд миёни онҳо шартномаҳое вуҷуд дорад, ки махфӣ аст.Маврид ба зикр аст, ки ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ гуфта буд, ки Вошингтон ҳоло дар барқарории ҳузури низомии худ дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ машғул аст. Ӯ гуфт, ИМА бо ҳузури 20-солааш дар ин кишвар ҳатто як корхонаи саноатӣ насохт ва фақру камбизоатӣ ҳамон тавре, ки ҷой дошт, боқӣ монд.14 апрели соли 2021 раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз поёни амалиёт дар Афғонистон хабар дод, ки тӯлонитарин амалиёти низомии хориҷӣ дар таърихи Амрико шуд. 15 августи ҳамон сол толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва дар тӯли чанд соат шаҳрро таҳти тасарруфи худ гирифтанд. Ин гуруҳ ҳамакнун 1,6 сол мешавад, ки Афғонисторо зери итоат дорад ва бинобар риоя накардани қавонини байналмилалӣ ва қатлу кушторҳову ҷори кардани додгоҳҳои саҳроӣ касе онҳоро ба расмият нашинохтааст.
https://sputnik.tj/20221230/karzay-amriko-fasodi-afghoniston-naqsh-1053913452.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/10/1052871300_0:348:1918:1787_1920x0_80_0_0_16894dac179064c752b2c171b9adb196.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
замир кабулов амрико бозгашт афғонистон нигаронкунанда
замир кабулов амрико бозгашт афғонистон нигаронкунанда
Замир Кабулов: Талошҳои Амрико барои бозгашт ба Афғонистон нигаронкунанда аст
19:02 02.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Иёлоти Муттаҳидаи амрико дигарбора талош дорад, пас аз хуруҷи шармовар дар Афғонистон ҳузур пайдо кунанд, ки ҷониби Русия инро мояи нигаронӣ хондааст
ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон аз талошҳои Амрико барои бозгашт ба Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории ҳиндуи гуфтааст, ки талошҳои Амрико барои назорат ва таъсир ба масоили Афғонистон, аз ҷумла тавассути таъсиси таъсисоти низомӣ дар кишварҳои ҳамсоя, ташвишовар аст.
Вай афзудааст, ки агар Вошингтон дороиҳои молии Афғонистонро, ки барои таҳкими тавонмандиҳои зиддитеррористӣ зарур аст, озод кунад, метавонист кумаки бештаре ироа кунад.
Қаблан низ таҳлилгарони Афғонистон гуфта буданд, ки намояндаи вижаи ИМА дар умумри Афғонистон Том Вист бо саркардаҳои толибон дар Қатару Иморот вориди гуфтугӯ шудаанд.
Онҳо ба кумаки 40-50 миллиондолларии Амрико дар ҳар ҳафта ба ин гуруҳ ишора карда, мегӯянд миёни онҳо шартномаҳое вуҷуд дорад, ки махфӣ аст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ гуфта буд, ки Вошингтон ҳоло дар барқарории ҳузури низомии худ дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ машғул аст.
Ӯ гуфт, ИМА бо ҳузури 20-солааш дар ин кишвар ҳатто як корхонаи саноатӣ насохт ва фақру камбизоатӣ ҳамон тавре, ки ҷой дошт, боқӣ монд.
14 апрели соли 2021 раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз поёни амалиёт дар Афғонистон хабар дод, ки тӯлонитарин амалиёти низомии хориҷӣ дар таърихи Амрико шуд.
15 августи ҳамон сол толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва дар тӯли чанд соат шаҳрро таҳти тасарруфи худ гирифтанд.
Ин гуруҳ ҳамакнун 1,6 сол мешавад, ки Афғонисторо зери итоат дорад ва бинобар риоя накардани қавонини байналмилалӣ ва қатлу кушторҳову ҷори кардани додгоҳҳои саҳроӣ касе онҳоро ба расмият нашинохтааст.