Карзай: Амрико дар фасоди Афғонистон нақш дошт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЭкс-президент Афганистана Хамид Карзай
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури пешини Афғонистон аз пазириши масъулияти фасод дар ин кишвар хабар дод ва гуфт, ки Амрико низ дар ин фасод даст доштааст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар мусоҳиба бо як рӯзнома Амрикое гуфт: "ман масъулияти комили фасод ва ришва дар ироаи хадамот дар Афғонистонро бар ӯҳда мегирам. Аммо қарордодҳои бузург, фасоди бузурги садҳо миллион долларӣ ба вузуҳи марбут ба Амрико буд".
Бар асоси ин гузориш, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар Кобул зиндагӣ мекунад ва толибон аз наздик ӯро зер назар доранд ва "ба ӯ иҷозаи хуруҷ аз пойтахти Афғонистонро намедиҳанд".
Карзай афзуд, ки мондан дар Афғонистон ҳатто пас аз тасаллути толибон тасмим дурусте будааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки толибони Карзайро душмани худ медонанд, зеро вай “аввалин фардест, ки бо амрикоиҳо барои ишғоли Афғонистон ҳамкорӣ” кард.
Бывший президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон: ҳарончи дар кишвар рух дод, масъулаш ИМА аст
Гурӯҳи толибон дар августи соли 2021 ба қудрати расиданд ва бо хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон, давлати мавриди ҳимояти Амрикоро сарнигун карданд.
Пас аз ба қудрат расидани толибон ва ба далели таҳримҳои Амрикои алайҳи Афғонистон, буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ, камбуди маводи ғизоӣ дар ин кишвар зиёд шуд ва Афғонистонро ба самти як буҳрони инсонии кашид.
Карзай аз моҳи декабри соли 2004 то сентябри соли 2014 раисҷумҳури Афғонистон буд.
Ӯ аввалин раҳбари ин кишвари пас аз сарнигунии ҳукумати толибон тавассути Амрико дар соли 2001 буд.
Амрико дар посух ба ҳамалоти 11 сентябр, ки маргбортарин ҳамалоти террористӣ дар хоки ин кишвар маҳсуб мешавад, ба Афғонистони ҳамла ва пас аз ду даҳаи ишғолгарӣ ва вайронӣ ин кишварро тарк кард.
Лентаи хабарҳо
0