https://sputnik.tj/20221229/lavrov-gharb-jahon-tahdid-eron-tars-1053876009.html
Лавров: Ғарб ҷаҳонро бо "таҳдиди эронӣ" метарсонад
Лавров: Ғарб ҷаҳонро бо "таҳдиди эронӣ" метарсонад
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз хуруҷи ИМА аз созишҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, кишварҳои ғарбӣ ба таҳрики фаъолона бо ин кишвар идома медиҳанд.
2022-12-29T12:50+0500
2022-12-29T12:50+0500
2023-02-08T19:46+0500
эрон
сиёсат
таҳдид
има
ғарб
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1d/1053874358_0:62:3073:1791_1920x0_80_0_0_20cbedc7c57dddba237c88ca854fcb7a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сиёсатмадорони ғарбӣ талош доранд, ҷаҳонро аз "таҳдиди эронӣ" битарсанд, гуфт вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров.Дипломати рус вазъи кунунӣ дар атрофи созиш дар бораи барномаи ҳастаии Эронро ҳамин тавр тавсиф кардааст. Ба гуфтаи ӯ, “созиши ҳастаӣ” дуруст кор кард, то он даме, ки Иёлоти Муттаҳида дар моҳи майи соли 2018 бар хилофи уҳдадориҳои худ дар бораи лағви қарордод тасмим гирифт. Ҳоло бо ширкати фаъоли Русия кор барои дубора оғоз кардани ин раванд идома дорад, аммо барои ин, тавре Лавров қайд кард, риояи қатъии шартҳо аз ҷониби ҳамаи ҷонибҳои дахлдор зарур аст. Вазири корҳои хориҷӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ёдовар шуд, ки Фаронса, Олмон, Бритониё ва Амрико қатъномаи шадиди зидди Эронро ба Шӯрои мудирони Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ пешниҳод карданд. Аз ин қатънома Русия, Чин ва як қатор кишварҳои дигар пуштибонӣ накарданд. Илова бар ин, Лавров афзуд, намояндагони кишварҳои ғарбӣ ба далели интиқоли исботнашудаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эронӣ ба Русия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид "сарусадое оғоз карданд". Аммо, тавре дипломат таъкид кард, ин иттиҳомҳо заминаи воқеӣ надоранд: "онҳо далел оварда наметавонанд ва барои овардан кӯшиш ҳам намекунанд".
https://sputnik.tj/20221220/vokunish-eron-ittihom-intiqol-besarnishin-rusiya-1053641377.html
эрон
има
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1d/1053874358_154:0:2885:2048_1920x0_80_0_0_b97383d94dbb1ae66b0c956c47d94cc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров ғарб ҷаҳон таҳдид эронӣ тарс
лавров ғарб ҷаҳон таҳдид эронӣ тарс
Лавров: Ғарб ҷаҳонро бо "таҳдиди эронӣ" метарсонад
12:50 29.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Пас аз хуруҷи ИМА аз созишҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, кишварҳои ғарбӣ ба таҳрики фаъолона бо ин кишвар идома медиҳанд.
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сиёсатмадорони ғарбӣ талош доранд, ҷаҳонро аз "таҳдиди эронӣ" битарсанд, гуфт вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров.
Дипломати рус вазъи кунунӣ дар атрофи созиш дар бораи барномаи ҳастаии Эронро ҳамин тавр тавсиф кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, “созиши ҳастаӣ” дуруст кор кард, то он даме, ки Иёлоти Муттаҳида дар моҳи майи соли 2018 бар хилофи уҳдадориҳои худ дар бораи лағви қарордод тасмим гирифт.
Ҳоло бо ширкати фаъоли Русия кор барои дубора оғоз кардани ин раванд идома дорад, аммо барои ин, тавре Лавров қайд кард, риояи қатъии шартҳо аз ҷониби ҳамаи ҷонибҳои дахлдор зарур аст.
"Чизи дигар ин аст, ки амрикоиҳо ва аврупоиҳо дар пойни кор суръати тезро суст карда, ба такон додани вазъи сиёсии дохилии Эрон гузаштанд", - гуфт ӯ.
Вазири корҳои хориҷӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ёдовар шуд, ки Фаронса, Олмон, Бритониё ва Амрико қатъномаи шадиди зидди Эронро ба Шӯрои мудирони Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ пешниҳод карданд.
Аз ин қатънома Русия, Чин ва як қатор кишварҳои дигар пуштибонӣ накарданд.
Илова бар ин, Лавров афзуд, намояндагони кишварҳои ғарбӣ ба далели интиқоли исботнашудаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эронӣ ба Русия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид "сарусадое оғоз карданд".
Аммо, тавре дипломат таъкид кард, ин иттиҳомҳо заминаи воқеӣ надоранд: "онҳо далел оварда наметавонанд ва барои овардан кӯшиш ҳам намекунанд".