Вокуниши намояндаи Эрон ба иттиҳоми интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия

© AFP 2023 / SERGEI SUPINSKYБеспилотник в небе, архивное фото
Беспилотник в небе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Обуна шудан
Намояндаи доимии Теҳрон дар Маскав гуфт, ки интиқоли силоҳ аз ҷониби Эрон аз ҷониби қатъномаи 2231-и Созмони Милали Муттащид манъ нашудааст
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Интиқоли аслиҳа ҳам ба Эрон ва ҳам аз Эрон ба кишварҳои дигар дигар бо қатъномаи 2231, ки таъсиси Нақшаи ҳамаҷонибаи амалиёти муштараки барномаи ҳастаии Эронро тасдиқ кардааст, мамнӯъ нест.
Дар ин бора намояндаи доимии ин кишвар дар Шӯрои Амнияти СММ Амир Саид Иравонӣ ёдовар шуд.
Кишварҳои ғарбӣ ахиран иддао кардаанд, ки Эрон гӯё барои амалиёти низомӣ дар Украина ба Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро таъмин мекунад ва таъкид карданд, ки ин интиқол хилофи қатъномаи 2231 аст. Маскав ва Теҳрон ин иттиҳомро рад карданд.
Вазири хориҷаи Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён гуфт, Теҳрон чанд моҳ пеш аз оғози амалиёти вижа дар Украина ба Маскав ҳавопаймоҳои бесарнишинро дода буд.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
ВКХ иттиҳомоти зидди Русияву Эрон дар таъмини ҳавопаймоҳои бесарнишинро шарҳ дод
"Мехоҳам ба иттиҳомоти беасос дар бораи интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Русия, гӯё бар хилофи қатъномаи 2231 дахл кунам. Аввалан, манъи силоҳ дар қатъномаи 2231 аз 18 октябри соли 2020 фаъолияташро қатъ кард. Ин маънои онро дорад, ки интиқоли силоҳ ба Русия ё аз Эрон дигар ба қатъномаи 2231 дахл надорад", - гуфт Иравонӣ.
Тибқи Созиномаи силоҳи ҳастаии Эрон, эмбаргои силоҳ аз Эрон 18 октябри соли 2020 лағв шуд. Пеш аз ин интиқоли силоҳ танҳо бо иҷозати Шӯрои Амнияти СММ имконпазир буд.
Ба гуфтаи дипломат, Эрон расман изҳор доштааст, ки ҳеҷ гоҳ эҷод ё таъмин накардааст ва ҳамчунин тарҳи таҳия ва интиқоли ҷузъҳоеро надорад, ки ба ақидаи ӯ, метавонад ба рушди системаҳои интиқоли силоҳи ҳастаӣ мусоидат кунад.
"Ҳамин тавр, Эрон ба Русия ягон ашёеро, ки ба банди 4а-и замимаи "Б"-и қатъномаи 2231 марбут аст, нафиристодааст. Ҳама гуна даъвоҳо ба муқобили он беасосанд ва аз ҷониби мо рад карда мешаванд", - хулоса кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0