Афсари мустаъфӣ сиёсати ИМА дар бораи Украинаро "холисан бад" номид

© Sputnik / Алексей АгарышевЗдание Конгресса США на Капитолийском холме в Вашингтоне.
Здание Конгресса США на Капитолийском холме в Вашингтоне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
Афсари истихбороти Амрико гуфт, ки сиёсати Кохи Сафед дар робита ба Украина "на ба некӣ кардан аст ва на ба касе кӯмак мекунад"
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Афсари мустаъфии истихбороти амрикоӣ, Скотт Риттер сиёсати ИМА дар қиболи Украинаро "холисан бад" номид.
Сиёсати Кохи Сафед дар мавриди пуштибонӣ аз Украина на танҳо фоида намеоварад, балки бар зарари Киев амал мекунад.
Собик ходими иктишофӣ қайд кард, ки тарзи рафтори Вашингтон "таърифи бадӣ" аст ва одамоне, ки ин сиёсатро ба амал мебароранд, шарикони у мебошанд.
"Сиёсати Амрико дар Украина на ба некӣ кардан аст ва на ба касе кӯмак кардан. Он бар ин аст, ки бигзор тамоми миллат бимирад", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо канали Youtube Left Lens.
Ӯ қайд кард, ки ин ҳама дар робита ба миллате сурат мегирад, ки "мо пайваста дӯсти худ мегӯем".
Ба гуфтаи Риттер, ҳадафи чунин сиёсатро зиён ба Русия номид, аммо на дастгирии воқеӣ аз Украина.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
Эрдуғон: Ғарб ҳеч талоше барои сулҳ дар Украина накарда истодааст
"Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки мо шуморо тарк мекунем. Мо хаёли вайронкунандаи Линдси Грэмро (ред. - сенатори ИМА) "мубориза то охирин украинӣ", - ро дарк мекунем," - гуфт Риттер.
Қаблан низ таҳлилгарон ва ҳатто сиёсатмадорон гуфта буданд, ки Ғарб ва пеш аз ҳама Амрико барои идомаи ин ҷанг манфиатдоранд.
ИМА ва ИА-ро щатто барои иғвогарӣ ба ҷойи талош барои сулҳ муттаҳам карданд.
Лентаи хабарҳо
0