https://sputnik.tj/20221226/erdughon-gharb-sulh-ukraina-1053792981.html
Эрдуғон: Ғарб ҳеч талоше барои сулҳ дар Украина накарда истодааст
Эрдуғон: Ғарб ҳеч талоше барои сулҳ дар Украина накарда истодааст
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Туркия иддао дорад, ки Ғарб бо иғвогариҳояш низоъ миёни Русия ва Украинаро ба дарозо кашола дода истодаасту ҳеч майле ба субот надорад
2022-12-26T12:22+0500
2022-12-26T12:22+0500
2022-12-26T12:22+0500
дар ҷаҳон
украина
туркия
эрдуғон
сиёсат
ғарб
субот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_0:119:1875:1173_1920x0_80_0_0_af4a8f135669ef4793bfc289c397f860.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Ғарб ҳеч талоше барои ҳалли низоъ миёни Русия ва Украинаро анҷом надода истодааст, изҳор дошт президенти Туркия, Раҷайб Тайиб Эрдуғон. Ӯ зимни суханронияш дар минтақаи Эрзуруми Туркия кишварҳои ғарбиро ба иғвогароӣ ба ҷои сулҳофарӣ муттаҳам кард. Мамлакатҳои Ғарб танҳо ба иғвогарӣ машғуланд, таъкид кард ӯ. Ин дар ҳолест, ки ин маъниро ахиран нахуствазири Маҷористон, Виктор Орбан низ таъйид намуда буд. Орбан гуфт, сулҳ дар Украина аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вобаста аст. Ӯ қайд кард, ки то замоне, ки ИМА ба сарбозони украинӣ кумаки низомӣ ва молӣ мерасонад, онҳо метавонанд ҷанг кунанд. "Украина метавонад танҳо замоне биҷангад, ки Амрико аз он бо пул ва силоҳ ҳимоят мекунад. Агар амрикоиён сулҳу осоишро хоҳанд, он пойдор мегардад”, - гуфт нахуствазири Маҷористон.Раиси ҳукумати Маҷористон ҳамчунин эътироф кард, ки низоъ дар Украина метавонад солҳо идома кунад, гуфт ӯ.Президенти Русия, Владимир Путин ахиран дар мавриди Украина изҳор дошт, ки Маскав омода аст, бо ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар бораи баъзе натиҷаҳои қобили қабул гуфтушунид кунад, ин ҷониби дигар аст, ки музокиротро рад мекунад.Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама баҳсҳои ба миёномада бо роҳи сулҳомез, тавассути музокирот ҳал шаванд, аммо ҷониби дигар аз аввал аз роҳи низомӣ кор бурду Маскав водор шуд, барои ҳимояти мардум иқдом кунад.Вай афзуд, ҳама чиз бар асоси сиёсати мухолифони геополитикии Русия аст, ки ҳадафашон аз ҳам ҷудо кардани Русия аст.
https://sputnik.tj/20221225/putin-omodagi-maskav-muzokirot-ukraina-1053786543.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_75:0:1798:1292_1920x0_80_0_0_75fc50c1c86e629da84dac2b0828c0ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҷаб тайиб эрдуғон, иғвогарӣ, муттаҳам
раҷаб тайиб эрдуғон, иғвогарӣ, муттаҳам
Эрдуғон: Ғарб ҳеч талоше барои сулҳ дар Украина накарда истодааст
Президенти Туркия иддао дорад, ки Ғарб бо иғвогариҳояш низоъ миёни Русия ва Украинаро ба дарозо кашола дода истодаасту ҳеч майле ба субот надорад
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Ғарб ҳеч талоше барои ҳалли низоъ миёни Русия ва Украинаро анҷом надода истодааст, изҳор дошт президенти Туркия, Раҷайб Тайиб Эрдуғон.
Ӯ зимни суханронияш дар минтақаи Эрзуруми Туркия кишварҳои ғарбиро ба иғвогароӣ ба ҷои сулҳофарӣ муттаҳам кард. Мамлакатҳои Ғарб танҳо ба иғвогарӣ машғуланд, таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ин маъниро ахиран нахуствазири Маҷористон, Виктор Орбан низ таъйид намуда буд.
Орбан гуфт, сулҳ дар Украина аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вобаста аст. Ӯ қайд кард, ки то замоне, ки ИМА ба сарбозони украинӣ кумаки низомӣ ва молӣ мерасонад, онҳо метавонанд ҷанг кунанд.
"Украина метавонад танҳо замоне биҷангад, ки Амрико аз он бо пул ва силоҳ ҳимоят мекунад. Агар амрикоиён сулҳу осоишро хоҳанд, он пойдор мегардад”, - гуфт нахуствазири Маҷористон.
Раиси ҳукумати Маҷористон ҳамчунин эътироф кард, ки низоъ дар Украина метавонад солҳо идома кунад, гуфт ӯ.
Президенти Русия, Владимир Путин ахиран дар мавриди Украина изҳор дошт, ки Маскав омода аст, бо ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар бораи баъзе натиҷаҳои қобили қабул гуфтушунид кунад, ин ҷониби дигар аст, ки музокиротро рад мекунад.
Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама баҳсҳои ба миёномада бо роҳи сулҳомез, тавассути музокирот ҳал шаванд, аммо ҷониби дигар аз аввал аз роҳи низомӣ кор бурду Маскав водор шуд, барои ҳимояти мардум иқдом кунад.
Вай афзуд, ҳама чиз бар асоси сиёсати мухолифони геополитикии Русия аст, ки ҳадафашон аз ҳам ҷудо кардани Русия аст.