https://sputnik.tj/20221227/tojikiston-sistema-pardokht-kor-mondand-sabab-1053833468.html
Дар Тоҷикистон якбора ду низоми пардохт аз кор монд: сабаб
Дар Тоҷикистон якбора ду низоми пардохт аз кор монд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Миллӣ аз қатъи кори ду низоми пардохтӣ дар қаламрави Тоҷикистон хабар дод - сабаби он ба охир расидани мӯҳлати муҷаввиз гуфта мешавад
2022-12-27T16:53+0500
2022-12-27T16:53+0500
2022-12-27T16:53+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
пардохт
интиқоли пул
бонк
иҷозатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/76/1030337611_1:0:3642:2048_1920x0_80_0_0_b4b5e7507c065684d9e3d76a99ad3235.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ду низоми пардохт муҷаввиз барои фаъолият дар ин кишварро аз даст доданд. Ин тасмимро Раёсати Бонки миллии кишвар гирифтааст. Ҳамин тариқ, фармони тарки бозори Тоҷикистон ба системаҳои пардохтии MoneyGram Payment Systems, Inc ва ҶДММ “БЭСТ” дахл дорад. Сабаби ин ба охир расидани муҳлати иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият хонда мешавад. Қарорҳои Раёсати Бонки Миллӣ тибқи қонунҳо "Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" қабул шудаанд. Раёсати низомҳои пардохтии БМТ муваззаф шудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохти сабти дахлдор ворид кунад, гуфта мешавад дар хабар. Хотирнишон кардан бамаврид аст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ имкони интиқоли маблағҳои фаромарзӣ мавҷуд аст. Барои ин шумо метавонед аз системаи пардохтҳои зуд истифода баред. Он дар 12 бонки Осиёи Марказӣ дастрас аст.
https://sputnik.tj/20221004/bonki-milli-western-union-ijozatnomai-faoliyat-1051877401.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/76/1030337611_911:0:3642:2048_1920x0_80_0_0_d511fcf368d89dec255fc8376eda40c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон низом пардохт бм интиқол пул
тоҷикистон низом пардохт бм интиқол пул
Дар Тоҷикистон якбора ду низоми пардохт аз кор монд: сабаб
Бонки Миллӣ аз қатъи кори ду низоми пардохтӣ дар қаламрави Тоҷикистон хабар дод - сабаби он ба охир расидани мӯҳлати муҷаввиз гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ду низоми пардохт муҷаввиз барои фаъолият дар ин кишварро аз даст доданд.
Ин тасмимро Раёсати Бонки миллии кишвар гирифтааст.
Ҳамин тариқ, фармони тарки бозори Тоҷикистон ба системаҳои пардохтии MoneyGram Payment Systems, Inc ва ҶДММ “БЭСТ” дахл дорад.
Сабаби ин ба охир расидани муҳлати иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият хонда мешавад.
"Мӯҳлати муҷаввизи ин ширкатҳо ба охир расидааст", - гуфтанд дар дафтари матбуоти ин ниҳод.
Қарорҳои Раёсати Бонки Миллӣ тибқи қонунҳо "Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" қабул шудаанд.
Раёсати низомҳои пардохтии БМТ муваззаф шудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохти сабти дахлдор ворид кунад, гуфта мешавад дар хабар.
Хотирнишон кардан бамаврид аст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ имкони интиқоли маблағҳои фаромарзӣ мавҷуд аст.
Барои ин шумо метавонед аз системаи пардохтҳои зуд истифода баред. Он дар 12 бонки Осиёи Марказӣ дастрас аст.