Дар Тоҷикистон барои пешгирии ҷиноятҳо Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкКибербезопасность, архивное фото
Кибербезопасность, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳур ба Прокуратураи генералӣ, КДАМ ва ВКД супориш дод, ки масъалаи таъсиси Марказро омӯхта, пешниҳодҳои худро ба ҳукумати манзур намоянд
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар Тоҷикистон барои пешгирии ҷиноятҳои бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содиршаванда Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни ироаи паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ба мақомоти дахлдор супориш дод.
Раисҷумҳур ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Вооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Тоҷикистон Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия хоҳад кард
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
“Аз ин лиҳоз, ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0