Тоҷикистон Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия хоҳад кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе
Вооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро вазифадор кард, ки Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир Тоҷикистонро водор менамояд, ки барои суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар.
Кишвардори Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ ҳукумати кишвар, вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро вазифадор кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Раҳмон гуфт чигуна метавон дар зарфи панҷ сол аҳолиро пурра ба кор таъмин кард
Эмомалӣ Раҳмон инчунин илова кард, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.
“Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад”,- гуфт ӯ.
Вай афзуд, дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0