Нафақаю маош зиёд мешавад: Аз кӣ чанд фоиз?

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод кард, ки аз соли оянда маошу нафақа ва стипендия зиёд карда шаванд
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунанди мақомоти ҳизфи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25% зиёд карда мешавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, афзуд, ки музди дигар кормандони ин мақомот 20% зиёд мегардад.
Бар асоси пешниҳоди президент, аз 1 июли 2023 муздки кормандони маориф , илм тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20% афзоиш меёбад.
Инчунин аз июл андозаи нафақаи заминавӣ 20%, нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16% индексатсия, яъне зиёд карда шаванд, изҳор дошт Раҳмон.
Вай илова намуд, ки дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20% аз меъёри нафақаи заминавӣ афзоиш меёбанд.
Парламент Республики Таджикистан на ежегодном обращении Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Интиқоди президент аз нафси баду тафаккури бюрократии баъзе раисон
Дар пайи ин пешниҳод Раҳмон дар хитоб ба вакилон изҳор дошт, ки дӯстони азиз ин корҳо нағзанд ва илова намуд, ки онро метавон боз ҳам бештар кард, агар ҳамаи мақомдорон софдилона меҳнат кунанд.
Президент зикр намуд, вакилони мардумӣ, ки дар пайи паём пеши интихобкунандаҳо мераванд, кору бисмилоҳашонро аз ин масъала оғоз мекунанд.
"Агар манфиати миллату давлатро аз ҳама боло гузорем, аз ин ду баробар зиёдтар метавонем кунем, сатҳу сифати зиндагии мардумро боло бардорем", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай афзуд, дар паёмҳояш ҳушдорҳо ҷой надоранд, ки фалон вазир аз кор барканор мешавад. Агар хизмат кардед, қадр мекунам, таъкид намуд Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0