Интиқоди президент аз нафси баду тафаккури бюрократии баъзе раисон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан на ежегодном обращении Эмомали Рахмона
Парламент Республики Таджикистан на ежегодном обращении Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон хостори аз байн бурдани таъхиру кашолкориҳо дар кори мақомдороне шуд, ки ба ҷои мусоидат монеа эҷод мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Бархе раисони шаҳру навоҳӣ дар тақсими замин ба таъхиркориҳо роҳ медиҳанд, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ зимни ироаи паём ба парлумон гуфт, бунёдкориҳо бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бархе камбудиҳоро ошкор намуд.
Аз ҷумла баъзе раисон дар ҷудо намудани замин ҳатто барои бунёди мактаб, кӯдакистон, варзишгоҳ ба таъхиркорӣ роҳ доданд, изҳор дошт президент ва таъкид намуд, ки ин ҳолатҳо ба нафси бади бархе роҳбарон марбут аст.
Президент аз тафаккури бюрократии бархе мақомдорон танқид намуд, ки аз ҳар ҷо мехоҳанд маблағ ба даст оранду таъкид намуд, ки ин тарзи кору тафаккур бояд аз байн бардошта шавад.
Пограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Соҳибкорони тоҷик дидбонгоҳҳои марзӣ месозанд
Вай афзуд, ки баръакс мақомдорон бояд аз соҳибкорон дастгирӣ кунанд, ки теъдоди зиёди муассисаҳои иҷтимоию маорифро бунёд мекунанд.
Аз ҳисоби худашон месозанд, онҳо аз мо қарздоранд, суол гузошт Раҳмон дар хитоб ба мақомдорони давлатӣ.
Ба гуфтаи Раҳмон ҳозир соҳибкороне ҳастанд, ки то 5 ҳазор ҷои кориро таъсис додаанд ва зарур хонд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд.
Ба соҳибкор нарасед, халал нарасонед, тамоми молу маҳсулотро фароҳам мекунад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0