https://sputnik.tj/20221222/maqomot-koronavirus-tojikiston-nest-1053706447.html
Мақомот: Коронавирус дар Тоҷикистон нест
Мақомот: Коронавирус дар Тоҷикистон нест
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон иддао дорад, ки дар кишвар вазъи эпидемиологӣ зери назорат аст ва ҳеҷ ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
2022-12-22T19:30+0500
2022-12-22T19:30+0500
2022-12-22T19:30+0500
дар тоҷикистон
сироят
тандурустӣ
коронавирус
мақомот
вазъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512204_0:147:2825:1736_1920x0_80_0_0_3f371559ea695a6674a4f5e54faf0a35.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ягон мавриди сироят ба коронавирус дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта нашудааст.Аммо вай таъкид кард, ки бо вуҷуди ин дар қаламрави кишвар тадбирҳо барои пешгирӣ аз вирус пурзӯр шуданд.Наврӯз Ҷаъфаров қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти эпидемилогӣ дар кишвар зери назорат қарор дорад.Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон зукоми мавсимӣ авҷ гирифтааст ва аз ин рӯ дар гузаргоҳҳои марзӣ назорат пурзур шудааст.Чанде пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз хуруҷи зукоми мавсимӣ хабар дода, аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳанд.“Дар сартосари Тоҷикистон зукоми мавсимӣ хуруҷ намудааст. Шаҳрвандони мамлакат набояд ба худтабобаткунӣ машғул шаванд, балки баръакс дар сурати пайдошудани нишонаҳои зуком зуд бояд ба табибони оилавӣ муроҷиат кунанд”, - Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ.Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки дар ҷумҳури навъи нави коронавирус мавҷуд нест, вале эҳтимолияти роҳ ёфтани он баланд аст. Зеро ин навъ вирус аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон зуҳур кардааст.
https://sputnik.tj/20221222/tojikiston-maktabhoro-karantin-1053692682.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032512204_51:0:2562:1883_1920x0_80_0_0_ae934a1658581b7145fb9386276b0775.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, мақомот, вазъ, эпидемиологӣ, назорат, тандурустӣ, сироят
тоҷикистон, коронавирус, мақомот, вазъ, эпидемиологӣ, назорат, тандурустӣ, сироят
Мақомот: Коронавирус дар Тоҷикистон нест
Мақомоти Тоҷикистон иддао дорад, ки дар кишвар вазъи эпидемиологӣ зери назорат аст ва ҳеҷ ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ягон мавриди сироят ба коронавирус дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта нашудааст.
Аммо вай таъкид кард, ки бо вуҷуди ин дар қаламрави кишвар тадбирҳо барои пешгирӣ аз вирус пурзӯр шуданд.
Наврӯз Ҷаъфаров қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти эпидемилогӣ дар кишвар зери назорат қарор дорад.
Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон зукоми мавсимӣ авҷ гирифтааст ва аз ин рӯ дар гузаргоҳҳои марзӣ назорат пурзур шудааст.
Чанде пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз хуруҷи зукоми мавсимӣ хабар дода, аз шаҳрвандон талаб намудааст, ки ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳанд.
“Дар сартосари Тоҷикистон зукоми мавсимӣ хуруҷ намудааст. Шаҳрвандони мамлакат набояд ба худтабобаткунӣ машғул шаванд, балки баръакс дар сурати пайдошудани нишонаҳои зуком зуд бояд ба табибони оилавӣ муроҷиат кунанд”, - Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки дар ҷумҳури навъи нави коронавирус мавҷуд нест, вале эҳтимолияти роҳ ёфтани он баланд аст. Зеро ин навъ вирус аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон зуҳур кардааст.