Дар Тоҷикистон мактабҳоро карантин намекунанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикские школьники за партами
Таджикские школьники за партами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Обуна шудан
Қаблан тахмин мезаданд, ки агар тибқи гузориши Вазорати маориф ва илм камтар аз 50% давомот дар мактабҳо сурат гирад, карантин ҷорӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Зарурати ҷорӣ кардани карантин дар мактабҳои Тоҷикистон нест, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
"Тибқи таҳлилҳо, ҳоло ба далели зуком дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба карантини хонандагон зарурат нест",- навиштааст АМИТ "Ховар" аз қавли ӯ.
Ҷаъфаров ёдовар шуд, ки баъди чанд руз мактаббачагон ба таътили солинавй мебароянд.
Қаблан ӯ хабар дода буд, ки Вазорати тандурустии кишвар бо дархости мувофиқ будани ҷорӣ кардани карантин дар муассисаҳои таълимӣ ба Вазорати маориф муроҷиат кардааст.
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Мактабҳоро қарантина кунем ё не? – дархости вазорати тандурустӣ аз вазорати маориф
Тибқи гузориш, мактабҳо бояд баста мешуданд, агар бақайдгирӣ камтар аз 50% бошад.
Масъалаи мутаваққиф шудани дарс дар Тоҷикистон дар иртибот ба афзоиши ибтило ба зукоми мавсимӣ дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Қирғизистон ба миён омадааст.
Дар Тоҷикистон низ зуком дар авҷ аст, ки навиштаҳои шаҳрвандон дар расонаҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0