https://sputnik.tj/20221222/gharb-qasd-osiyoi-markaziro-rusiya-kanad-1053690697.html
Ғарб қасд дорад Осиёи Марказиро аз Русия "канад"
Ғарб қасд дорад Осиёи Марказиро аз Русия "канад"
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки минтақаи Осиёи Марказиро ноором созанд, аммо нақшаҳои худро амалӣ карда наметавонанд
2022-12-22T12:45+0500
2022-12-22T12:45+0500
2023-02-08T19:46+0500
ғарб
ом
сиёсат
има
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262445_0:40:2048:1192_1920x0_80_0_0_d2e2485c6ddd8c6e48d04fa12a50ccfe.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ғарб талошҳои худро барои “ҷудо кардани” Осиёи Марказӣ аз Русия афзоиш дод. Дар ин бора дар гузориши нави маҳфили мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" "Осиёи Марказӣ ва бӯҳрони Украина" гуфта шудааст. Бо оғози амалиёти вижа дар Украина, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо талошҳои худро барои ҷудо кардани кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз Федератсияи Русия афзоиш доданд, аммо онҳо наметавонанд дар оянда чунин сенарияро амалӣ кунанд.Маълумотҳо дар соли 2022 нишон медиҳад, ки рӯйдодҳои Украина ба вазъи геополитикии минтақа чӣ гуна таъсир расонидааст. Ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди ҳама зарбаҳо, кишварҳои Осиёи Марказӣ суботро нигоҳ дошта, тавонистаанд элитаи сиёсии худро муттаҳид созанд ва аз паёмадҳои манфии ошкоршуда дар иқтисод худдорӣ кунанд. "Аммо дар ҳамбастагии нерӯҳои беруна, ки манофеъашон дар Осиёи Марказӣ ба ҳам мепайвандад, тағйироти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст", - гуфтаанд гузоришгарон. Дар баробари ин, коршиносон ба иқдомоти ахири Вашингтон ва Брюссел ишора мекунанд, ки щадафи онҳо “ноором кардани минтақа” аст, онҳо талош доранд, ки муқовиматро бо бузургтарин мухолифон – Русия ва Чин боз ҳам шадидтар кунанд. Ба ин суханрониҳои дурушти дастаҷамъонаи Ғарб ва кӯшишҳои ниҳоят ба нафъи худ гардонидани мавқеи Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд. Муаллифони гузориш мегӯянд, "шарикони ғарбӣ ҳоло аз Осиёи Марказӣ талаб доранд, ки "тараферо интихоб кунанд". Дар баробари ин, Федератсияи Русия барои кишварҳои ҳамсоя иттифоқчии боэътимод боқӣ мемонад. Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки Федератсияи Русия набояд мушкилоти дохилии рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва фишор болои онҳоро нодида бигирад. Пажӯҳишгарон хулоса мекунанд, ки "мо набояд аз нишонаҳои зиёди нооромшавии эҳтимолии ҳам бар зидди худи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам ба равобити онҳо бо Русия чашм пӯшем."
https://sputnik.tj/20220819/patrushev-naqsha-tashkil-inqilob-ranga-tojikiston-1050817044.html
ғарб
ом
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262445_207:0:2024:1363_1920x0_80_0_0_8aeb5a6a5eed472e44db54c9b3385799.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарб қасд осиёи марказиро русия сиёсат таниш
ғарб қасд осиёи марказиро русия сиёсат таниш
Ғарб қасд дорад Осиёи Марказиро аз Русия "канад"
12:45 22.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки минтақаи Осиёи Марказиро ноором созанд, аммо нақшаҳои худро амалӣ карда наметавонанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ғарб талошҳои худро барои “ҷудо кардани” Осиёи Марказӣ аз Русия афзоиш дод.
Дар ин бора дар гузориши нави маҳфили мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" "Осиёи Марказӣ ва бӯҳрони Украина" гуфта шудааст.
Бо оғози амалиёти вижа дар Украина, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо талошҳои худро барои ҷудо кардани кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз Федератсияи Русия афзоиш доданд, аммо онҳо наметавонанд дар оянда чунин сенарияро амалӣ кунанд.
Маълумотҳо дар соли 2022 нишон медиҳад, ки рӯйдодҳои Украина ба вазъи геополитикии минтақа чӣ гуна таъсир расонидааст.
"Департаменти давлатии ИМА нияти худро барои "ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия" мустақиман эълон мекунад ва Оҷонсии рушди байналмилалӣ (USAID) вазифа мегузорад, ки вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бозорҳо ва роҳҳои содиротии Русияро коҳиш диҳад", - омадааст дар гузориш
Ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди ҳама зарбаҳо, кишварҳои Осиёи Марказӣ суботро нигоҳ дошта, тавонистаанд элитаи сиёсии худро муттаҳид созанд ва аз паёмадҳои манфии ошкоршуда дар иқтисод худдорӣ кунанд.
"Аммо дар ҳамбастагии нерӯҳои беруна, ки манофеъашон дар Осиёи Марказӣ ба ҳам мепайвандад, тағйироти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст", - гуфтаанд гузоришгарон.
Дар баробари ин, коршиносон ба иқдомоти ахири Вашингтон ва Брюссел ишора мекунанд, ки щадафи онҳо “ноором кардани минтақа” аст, онҳо талош доранд, ки муқовиматро бо бузургтарин мухолифон – Русия ва Чин боз ҳам шадидтар кунанд.
Ба ин суханрониҳои дурушти дастаҷамъонаи Ғарб ва кӯшишҳои ниҳоят ба нафъи худ гардонидани мавқеи Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, "шарикони ғарбӣ ҳоло аз Осиёи Марказӣ талаб доранд, ки "тараферо интихоб кунанд". Дар баробари ин, Федератсияи Русия барои кишварҳои ҳамсоя иттифоқчии боэътимод боқӣ мемонад.
"Русия бузургтарин шарики сармоягузорӣ ва тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ҳамзамон кафили амният дар минтақа аст", - омадааст дар мавод.
Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки Федератсияи Русия набояд мушкилоти дохилии рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва фишор болои онҳоро нодида бигирад.
Пажӯҳишгарон хулоса мекунанд, ки "мо набояд аз нишонаҳои зиёди нооромшавии эҳтимолии ҳам бар зидди худи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам ба равобити онҳо бо Русия чашм пӯшем."