https://sputnik.tj/20220819/patrushev-naqsha-tashkil-inqilob-ranga-tojikiston-1050817044.html
Патрушев аз нақшаи ташкили "инқилоби ранга" дар Осиёи Марказӣ гуфт
Патрушев аз нақшаи ташкили "инқилоби ранга" дар Осиёи Марказӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дабири Шӯрои амнияти Русия дар нооромиҳое, ки аз аввали соли равон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рух доданд, ғарбро муттаҳам кард
2022-08-19T13:12+0500
2022-08-19T13:12+0500
2023-02-08T19:44+0500
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
николай патрушев
инқилобҳои ранга
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103013/21/1030132166_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_17379e57b0ee50ec96746d360e66b5ab.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҳаводиси соли равон дар Тоҷикистон талоши Ғарб барои баргузории инқилоби ранга буд, изҳор дошт Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия. Ӯ зимни ҳамоиши дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тошканд нооромиҳои ахир дар Қазоқистон ва Ӯзбекистонро низ қасди инқилоб унвон кардааст. Ӯ дар зимн таъкид намудаст, ки Ғарб ҳанӯз ҳам омодагӣ барои задухӯрди ошкорои мусаллаҳона бо Русияро қатъ накардааст. Аз коркарди қисмҳои таркибии силоҳи кимиёӣ дар қаламрави Украина дар наздикии марзҳои Русия зикр шудаст. Маврид ба зикр аст, ки соли равон се кишвари зикршуда шоҳиди нооромиҳо гардида буданд, ки аз ҳамоиши эътирозӣ оғоз шуда, баъдан ба маргу хунрезӣ печиданд. Феълан дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ барои иштирок дар нишасти 17-уми солонаашон дар шаҳри Тошканд қарор дошта, масоили мубрами амниятӣ дар минтақаро баррасӣ доранд. Дар доираи ин чорабинӣ Патрушев бо Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба дошта, масоили мухталиф, аз ҷумла фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро баррасӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20220618/vmkb-faoliyatho-terrorist-qat-1049303943.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103013/21/1030132166_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_536f6e6fd1578f5b5a399e38fdca099d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, инқилоб, тоҷикистон
тоҷикистон, инқилоб, тоҷикистон
Патрушев аз нақшаи ташкили "инқилоби ранга" дар Осиёи Марказӣ гуфт
13:12 19.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Дабири Шӯрои амнияти Русия дар нооромиҳое, ки аз аввали соли равон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рух доданд, Ғарбро муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҳаводиси соли равон дар Тоҷикистон талоши Ғарб барои баргузории инқилоби ранга буд, изҳор дошт Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
Ӯ зимни ҳамоиши дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тошканд нооромиҳои ахир дар Қазоқистон ва Ӯзбекистонро низ қасди инқилоб унвон кардааст.
"Ҳаводис дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли равон - ин натиҷаи талоши Ғарб барои ташкили "инқилобҳои ранга" дар он ҷо мебошад", - изҳор дошт Патрушев.
Ӯ дар зимн таъкид намудаст, ки Ғарб ҳанӯз ҳам омодагӣ барои задухӯрди ошкорои мусаллаҳона бо Русияро қатъ накардааст. Аз коркарди қисмҳои таркибии силоҳи кимиёӣ дар қаламрави Украина дар наздикии марзҳои Русия зикр шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон се кишвари зикршуда шоҳиди нооромиҳо гардида буданд, ки аз ҳамоиши эътирозӣ оғоз шуда, баъдан ба маргу хунрезӣ печиданд.
Феълан дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ барои иштирок дар нишасти 17-уми солонаашон дар шаҳри Тошканд қарор дошта, масоили мубрами амниятӣ дар минтақаро баррасӣ доранд.
Дар доираи ин чорабинӣ Патрушев бо Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба дошта, масоили мухталиф, аз ҷумла фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро баррасӣ намудаанд.