https://sputnik.tj/20221102/gulanor-atobek-raisi-navi-alif-bonk-tayin-1052575933.html
Раиси “Алиф Бонк” нав шуд
Раиси “Алиф Бонк” нав шуд
Sputnik Тоҷикистон
“Алиф Бонк”, яке аз маъруфтарин ва мардумитарин бонкҳои Тоҷикистон, раҳбари худро иваз кард. Бонки миллии ҶТ сатҳи тахассусии роҳбари навро санҷидаст
2022-11-02T12:01+0500
2022-11-02T12:01+0500
2022-11-02T15:34+0500
дар тоҷикистон
молия
иқтисод
таъйинот
раҳбар
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/31/1022713109_0:0:1353:762_1920x0_80_0_0_f902aa80139d3f45a31416c245aea474.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Роҳбари нави "Алиф Бонк" Гуланор Атобек таъйин шуд, ки то ҳол бештар бо фаъолияти аудиторияш дар Тоҷикистон маъруф буд. Интизор меравад, ки акнун ӯ ба ҳайси раис аз аттестатсияи Бонки миллии Тоҷикистон гузарад. Яке аз бунёдгузорони “Алиф Бонк”, Абдулло Қурбонов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Гуланор Атобек, аз мутахассисони варзидаи бонкӣ бо иттифоқи оро аз сӯи Шӯрои муассисон ба раҳбарии “Алиф Бонк” таъйин шуд. Вай дар тавсифи роҳбари нави "Алиф Бонк" афзуд, ки ӯ аз лиҳози инсонӣ бениҳоят хоксор ва арзишҳои баланди инсониву роҳбариро доро мебошад. Гуланор Атобек дар гузашта роҳбарии намояндагии ташкилоти аудитории “Делойт” - ро ба ӯҳда дошт, ки яке аз “чаҳоргона” - и ширкатҳои бонуфузи аудиторӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва бо аудити ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон машғул буд. “Алиф Бонк” соли 2014 ҳамчун ташкилоти қарзии хурди “Алиф” таъсис ёфта, соли 2020 ба як бонки тамомайёр тағйир кард ва ҳоло аз пешгомони роҳандозии фанновариҳои ҷадид дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар оғоз 3 корманд дошт ва ҳоло 800 корманд дар Тоҷикистону Ӯзбекистон дорад. Тибқи иттилои расмӣ, “Алиф Бонк” ҳудуди 60 млн сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад.
https://sputnik.tj/20220929/namoyandagi-oriyonbonk-toshkand-sarvar-1051756503.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/31/1022713109_0:0:1353:1016_1920x0_80_0_0_f09663ec2772d9e6d66ad136a25c8cd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис, алиф, бонк
Раиси “Алиф Бонк” нав шуд
12:01 02.11.2022 (Навсозишуда: 15:34 02.11.2022) “Алиф Бонк”, яке аз маъруфтарин ва мардумитарин бонкҳои Тоҷикистон, раҳбари худро иваз кард. Раиси нав аз бахши аудиторӣ ба ин соҳа омад
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Роҳбари нави "Алиф Бонк" Гуланор Атобек таъйин шуд, ки то ҳол бештар бо фаъолияти аудиторияш дар Тоҷикистон маъруф буд. Интизор меравад, ки акнун ӯ ба ҳайси раис аз аттестатсияи Бонки миллии Тоҷикистон гузарад.
Яке аз бунёдгузорони “Алиф Бонк”, Абдулло Қурбонов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Гуланор Атобек, аз мутахассисони варзидаи бонкӣ бо иттифоқи оро аз сӯи Шӯрои муассисон ба раҳбарии “Алиф Бонк” таъйин шуд.
“Дар рӯзҳои гузашта Гуланор Атобек минҳайси яке аз роҳбарони “Алиф Бонк” аз санҷиши тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон бо муваффақият гузаштанд. Он кас як сол ба ин сӯ ҳамкорӣ мекунанд ва яке аз беҳтарин мутахассисони соҳа ҳастанд", - изҳор дошт Қурбонов.
Вай дар тавсифи роҳбари нави "Алиф Бонк" афзуд, ки ӯ аз лиҳози инсонӣ бениҳоят хоксор ва арзишҳои баланди инсониву роҳбариро доро мебошад.
Гуланор Атобек дар гузашта роҳбарии намояндагии ташкилоти аудитории “Делойт” - ро ба ӯҳда дошт, ки яке аз “чаҳоргона” - и ширкатҳои бонуфузи аудиторӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва бо аудити ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон машғул буд.
“Алиф Бонк” соли 2014 ҳамчун ташкилоти қарзии хурди “Алиф” таъсис ёфта, соли 2020 ба як бонки тамомайёр тағйир кард ва ҳоло аз пешгомони роҳандозии фанновариҳои ҷадид дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар оғоз 3 корманд дошт ва ҳоло 800 корманд дар Тоҷикистону Ӯзбекистон дорад. Тибқи иттилои расмӣ, “Алиф Бонк” ҳудуди 60 млн сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад.