Бонку ташкилотҳо дар Суғд чӣ қадар қарз доданду чанд пулро нигоҳ медоранд?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДеньги в кредит, архивное фото
Деньги в кредит, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд аз натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои қарзию бонкӣ дар давоми 11 моҳ ҳисобот дода, афзоиши қарздиҳиро таъкид намудаст
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Тайи моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба соҳаҳои иқтисодиёти Суғд зиёда аз 3,6 млрд сомонӣ маблағҳои қарзӣ равона гардиданд.
Ин нуктаро раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҳисоботаш дар бораи фаъолияти 11-моҳа таъкид намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Аҳмадзода гуфт, новобаста аз маҳдудияту таҳримҳо дар бахши иқтисодию молиявӣ дар сартосари ҷаҳон, дар вилоят афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзии ташкилотҳои қарздиҳӣ нисбат ба соли пешӣ дар ҳаҷм қариб 6% таъмин гардид.
"Дар қаламрави вилоят фаъолияти 613 ташкилоту муассисаи қарздиҳию хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла, 2 бонки мустақил, 3 ташкилоти амонатию қарздиҳӣ, 7 фонди қарздиҳии хурд, 98 филиали ташкилотҳои қарздиҳӣ ва 503 маркази хизматрасонии бонкӣ ба роҳ монда шудааст", - гуфт ӯ.
Погрузка контейнеров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Афзоиши савдо дар Суғд
Таъкид гардидаст, ки дар 11 моҳ аз ҷумла баҳри таъмини рушди соҳаҳои кишоварзӣ 940 млн сомон, саноат 588 млн сомонӣ, савдои хориҷӣ 424 млн сомонӣ, хизматрасонӣ 287 млн сомонӣ, сохтмон 70 млн сомонӣ ва нақлиёт 10 млн сомонӣ ва қарзҳои истеъмолӣ ба аҳолӣ дар ҳаҷми 1,2 млрд сомонӣ қарз дода шудаст.
Яке аз самтҳои дигари ташкилотҳои молиявӣ дар Суғд ҷалби пасандозҳои шаҳрвандону корхонаҳо арзёбӣ гардидаст.
Ба иттилои мақомоти Суғд, бақияи умумии пасандозҳо дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 дар ҳаҷми зиёда аз 2,8 млрд сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд аз қавли раиси вилоят овардааст, ки ҳаҷми пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 28% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0