https://sputnik.tj/20221221/gardishi-savdo-viloyati-sughd-somoni-1053654617.html
Афзоиши савдо дар Суғд
Афзоиши савдо дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд мегӯяд дар 11 моҳ барои таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд
2022-12-21T09:02+0500
2022-12-21T09:02+0500
2022-12-21T10:01+0500
дар тоҷикистон
суғд
содирот
савдо
гардиши молу коло
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103113/97/1031139782_0:264:3170:2047_1920x0_80_0_0_e648c2a1dc0b0530e2674233550b8c37.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми умумии гардиши савдо дар Суғд наздики 13,9 млрд сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3,7 млрд сомонӣ баробар шуд. Дар ин бора мақомоти Суғд хабар дода, афзуданд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 103 ва 110,8%-ро ташкил намудааст.Дар ҳамин ҳол, гуфта шудааст, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба 2 млрд. 840,7 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 140,5 фоиз таъмин гардид.Ҳаҷми воридот 1 млрд. 892,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 409,7 миллион доллар ё 27,6 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 948 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд мебошад.Қайд карда шудааст, ки содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 340,0 миллион доллар афзоиш ёфта, маъдан ва консентрат ба маблағи 624,2 миллион доллар содирот шудааст.Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент низ ба миқдори 83428 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 696082 тонна семент ба маблағи 21,6 миллион доллар содирот шудааст.Ба маблағи 20,57 миллион доллар 1330 тонна либосворӣ низ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 3,4 миллион доллар ва 248 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст.Илова бар ин, ба маблағи 1,77 миллион доллар 536 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст.Дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 36,7 миллион доллар 128 ҳазору 193 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 13,5 миллион доллар зиёд аст.
https://sputnik.tj/20220813/bor-tojikiston-peshsaf-rushd-iqtisod-1050685309.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103113/97/1031139782_441:0:3170:2047_1920x0_80_0_0_227a7d31410382b52967ef73035211a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, содирот, савдо, суғд, гардиши савдо, тадбир, истеҳсол, воридот
тоҷикистон, содирот, савдо, суғд, гардиши савдо, тадбир, истеҳсол, воридот
Афзоиши савдо дар Суғд
09:02 21.12.2022 (Навсозишуда: 10:01 21.12.2022) Мақомоти Суғд мегӯяд дар 11 моҳ барои таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми умумии гардиши савдо дар Суғд наздики 13,9 млрд сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3,7 млрд сомонӣ баробар шуд.
Дар ин бора мақомоти Суғд хабар дода, афзуданд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 103 ва 110,8%-ро ташкил намудааст.
Дар ҳамин ҳол, гуфта шудааст, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба 2 млрд. 840,7 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 140,5 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1 млрд. 892,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 409,7 миллион доллар ё 27,6 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 948 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 340,0 миллион доллар афзоиш ёфта, маъдан ва консентрат ба маблағи 624,2 миллион доллар содирот шудааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент низ ба миқдори 83428 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 696082 тонна семент ба маблағи 21,6 миллион доллар содирот шудааст.
Ба маблағи 20,57 миллион доллар 1330 тонна либосворӣ низ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 3,4 миллион доллар ва 248 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст.
Илова бар ин, ба маблағи 1,77 миллион доллар 536 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст.
Дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 36,7 миллион доллар 128 ҳазору 193 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 13,5 миллион доллар зиёд аст.