https://sputnik.tj/20221221/bloomberg-somoni-sadri-raddabandi-jahoni-pul-1053671183.html
Bloomberg: Сомонӣ дар садри раддабандиҳои ҷаҳонии пул
Bloomberg: Сомонӣ дар садри раддабандиҳои ҷаҳонии пул
Sputnik Тоҷикистон
Бино бар афзоиши интиқоли пул, иқтисоди Тоҷикистон тавонист дар соли ҷорӣ 7 дарсад рушд кунад дар қиёс ба пешгӯиҳои қаблӣ, ки рушди 4 - 5%-ро пешгӯи мекарданд
2022-12-21T18:10+0500
2022-12-21T18:10+0500
2022-12-21T18:10+0500
дар тоҷикистон
сомонӣ
арз
пул
нарх
болоравӣ
иқтисод
арзиши асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044220018_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_ed695b945ced7540ba74bbb77ea8b4be.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Арзҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ имсол дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар ҷойҳои аввал қарор доранд, иттилоъ додааст хабаргузории “Bloomberg”.Нархи пули миллии Тоҷикистон (сомонӣ), Гурҷистон ва Арманистон дар баробари доллар болоравии бештарро нишон додаанд.Аз аввали сол драми арманӣ нисбат ба доллар беш аз 22 дарсад афзоиш ёфта, миёни арзҳои ҷаҳонӣ мақоми пешсафро касб кардааст.Нархи лари гурҷӣ ва сомонии тоҷикӣ мутаносибан беш аз 16 ва 10 дарсад боло рафтанд.Дар Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли пул дар шаш моҳи аввал тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст.Бино ба маълумоти Бонки миллии Гурҷистон, ин кишвар ҳамчунин афзоиши 5 маротибаии интиқоли пул аз Русия ба Гурҷистонро сабт кардааст.Ин зиёда аз 60 дарсади тамоми интиқолҳоро ташкил медиҳад, ки маблағи он аз 1,75 миллиард доллар зиёд аст.Интиқол ба Арманистон, тибқи маълумоти Бонки марказии ин кишвар, дар 10 моҳи соли равон 2,8 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 4 маротиба зиёд аст.Bloomberg қайд кардааст, ки таъсири бештар ба нархи пули миллӣ бештар ба ҷумҳуриҳои хурд расидааст.Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон вазъ баръакс аст – тибқи пешбиниҳои манбаъ тенге, метавонад солро бо зиён анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20221221/zakhiravi-prezidenti-tojikiston-nim-mlrd-somoni-1053668631.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044220018_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_70ae63688e83adcb44a55388e39053f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арз, нарх, раддабандӣ, пул, интиқол, афзоиш, рушд, иқтисод
тоҷикистон, арз, нарх, раддабандӣ, пул, интиқол, афзоиш, рушд, иқтисод
Bloomberg: Сомонӣ дар садри раддабандиҳои ҷаҳонии пул
Бино бар афзоиши интиқоли пул, иқтисоди Тоҷикистон тавонист дар соли ҷорӣ 7 дарсад рушд кунад дар қиёс ба пешгӯиҳои қаблӣ, ки рушди 4 - 5%-ро пешгӯи мекарданд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Арзҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ имсол дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар ҷойҳои аввал қарор доранд, иттилоъ додааст хабаргузории “Bloomberg”.
Нархи пули миллии Тоҷикистон (сомонӣ), Гурҷистон ва Арманистон дар баробари доллар болоравии бештарро нишон додаанд.
Аз аввали сол драми арманӣ нисбат ба доллар беш аз 22 дарсад афзоиш ёфта, миёни арзҳои ҷаҳонӣ мақоми пешсафро касб кардааст.
Нархи лари гурҷӣ ва сомонии тоҷикӣ мутаносибан беш аз 16 ва 10 дарсад боло рафтанд.
Дар Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли пул дар шаш моҳи аввал тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
"Ин имкон дод, ки иқтисоди кишвар, ки дастрасӣ ба баҳр надорад, дар соли равон 7 дарсад рушд кунад, дар қиёс ба пешгӯиҳои қаблӣ, ки рушди 4 – 5 дарсадиро пешгӯи мекарданд", - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Гурҷистон, ин кишвар ҳамчунин афзоиши 5 маротибаии интиқоли пул аз Русия ба Гурҷистонро сабт кардааст.
Ин зиёда аз 60 дарсади тамоми интиқолҳоро ташкил медиҳад, ки маблағи он аз 1,75 миллиард доллар зиёд аст.
Интиқол ба Арманистон, тибқи маълумоти Бонки марказии ин кишвар, дар 10 моҳи соли равон 2,8 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 4 маротиба зиёд аст.
Bloomberg қайд кардааст, ки таъсири бештар ба нархи пули миллӣ бештар ба ҷумҳуриҳои хурд расидааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон вазъ баръакс аст – тибқи пешбиниҳои манбаъ тенге, метавонад солро бо зиён анҷом диҳад.