https://sputnik.tj/20221221/zakhiravi-prezidenti-tojikiston-nim-mlrd-somoni-1053668631.html
Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон қариби ним млрд сомонӣ дар 1 сол шуд
Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон қариби ним млрд сомонӣ дар 1 сол шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми маблағи Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар буҷаи давлатии соли оянда дар қиёс бо соли равон 57 млн сомонии дигар афзоиш меёбад
2022-12-21T14:20+0500
2022-12-21T14:20+0500
2022-12-21T14:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷа
пардохт
пул
маблағ
президент
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/15/1039646983_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_c0f5d0e22d0b1d6990d7fa3f9d76128c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли оянда беш аз 495 млн сомонӣ муқаррар шудааст. Ин нукта дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023, ки ахиран парлумон қабул кард, таъкид шудааст. Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2021 ҳудуди 404 млн сомонӣ ва соли 2022 ба маблағи 438,5 млн сомонӣ муқаррар гардида буд. Соли оянда дар қиёс бо соли равон пули Фонди захиравии раисҷумҳур ҳудуди 57 млн сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд. Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.Дар баробари ин аз Фонди захиравии президент ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ медал мегиранд, ҷоизапулӣ пардохт мегардад. Ҷудо намудани стипендия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар аз бандҳои дигари хароҷоти фонд арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20221205/niyat-tojikiston-pardokhti-qarib-dollar-qarz-1053270409.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/15/1039646983_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2f7329d2e8766abba34d0badba9c0b88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, пул, фонд, захиравӣ, президент, таджикистан
афзоиш, пул, фонд, захиравӣ, президент, таджикистан
Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон қариби ним млрд сомонӣ дар 1 сол шуд
Ҳаҷми маблағи Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар буҷаи давлатии соли оянда дар қиёс бо соли равон 57 млн сомонии дигар афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли оянда беш аз 495 млн сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нукта дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023, ки ахиран парлумон қабул кард, таъкид шудааст.
Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2021 ҳудуди 404 млн сомонӣ ва соли 2022 ба маблағи 438,5 млн сомонӣ муқаррар гардида буд.
Соли оянда дар қиёс бо соли равон пули Фонди захиравии раисҷумҳур ҳудуди 57 млн сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.
Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд.
Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.
Дар баробари ин аз Фонди захиравии президент ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ медал мегиранд, ҷоизапулӣ пардохт мегардад.
Ҷудо намудани стипендия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар аз бандҳои дигари хароҷоти фонд арзёбӣ мешавад.