https://sputnik.tj/20221219/puli-sukhta-khorugh-barqaror-1053614059.html
Пули сӯхта дар Хоруғ барқарор шуд
Пули сӯхта дар Хоруғ барқарор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Пули навсозишудаи пиёдагард дар шаҳри Хоруғ бо дарозии 100-метрӣ ва паҳноии 4-метрияш тавони бардоштани ҳудуди 17 тонна борро дорад
2022-12-19T12:10+0500
2022-12-19T12:10+0500
2022-12-19T12:10+0500
дар тоҷикистон
пул
нақлиёт
сохтмон
азим иброҳим
хоруғ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/13/1053613904_0:74:960:614_1920x0_80_0_0_24e375add89e76eb8a5abd1d46c0720a.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Пули пиёдагарди шаҳри Хоруғ, ки моҳи майи соли равон бар асари оташсӯзӣ тахриб гардида буд, баъди барқарорсозӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки дар маросими ифтитоҳи пул аз ҷумла вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим иштирок кард. Зикр шуд, ки бар асари сӯхтори моҳи май дар бозори марказии шаҳри Хоруғ кӯпруки пиёдагард, ки ду соҳили дарёро ба ҳам мепайваст, вайрону валангор шуда, ҳаракати мардум дар он номумкин гардид.Таъкид гардид, ки корҳои таъмирӣ дар пул танҳо баъди дастрас шудани масолеҳи зарурӣ аз шаҳри Душанбе ва Чин дар моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар пайи навсозӣ пул бо дарозии 100 метр ва паҳнои 4 метр тавон бардоштани 17 тонна борро дорад. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, сӯхторе, ки ин пул низ дар он осеб дид, бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз дӯконҳои хӯроки тезтайёри бозори марказии шаҳри Хоруғ сар зад. Манбаъ изҳор дошт, ки дар натиҷаи сӯхтор яке аз биноҳои марказӣ дар ҳаҷми тахминан 500 метр мукааб, ки 48 мағозаро дарбар мегирад, аз оташ зарари ҷиддӣ дида, 14 мағозаи дигар қисман хароб гардиданд.Вазорат таъкид намуда буд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор ба 1 млн сомониро ташкил медиҳад. Соҳибкороне, ки аз ин сӯхтор зарар диданд, дар бозори "20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷой дода шуданд.
https://sputnik.tj/20221123/mirzonabot-khostor-charoghonkuni-bino-khorugh-1053007870.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/13/1053613904_107:0:960:640_1920x0_80_0_0_76a431880773c22be7ef0eafdd1ec19d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ифтитоҳ, пул, сӯхта, барқарорсозӣ,
ифтитоҳ, пул, сӯхта, барқарорсозӣ,
Пули сӯхта дар Хоруғ барқарор шуд
Пули навсозишудаи пиёдагард дар шаҳри Хоруғ бо дарозии 100-метрӣ ва паҳноии 4-метрияш тавони бардоштани ҳудуди 17 тонна борро дорад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Пули пиёдагарди шаҳри Хоруғ, ки моҳи майи соли равон бар асари оташсӯзӣ тахриб гардида буд, баъди барқарорсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин бора ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки дар маросими ифтитоҳи пул аз ҷумла вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим иштирок кард.
Зикр шуд, ки бар асари сӯхтори моҳи май дар бозори марказии шаҳри Хоруғ кӯпруки пиёдагард, ки ду соҳили дарёро ба ҳам мепайваст, вайрону валангор шуда, ҳаракати мардум дар он номумкин гардид.
Таъкид гардид, ки корҳои таъмирӣ дар пул танҳо баъди дастрас шудани масолеҳи зарурӣ аз шаҳри Душанбе ва Чин дар моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар пайи навсозӣ пул бо дарозии 100 метр ва паҳнои 4 метр тавон бардоштани 17 тонна борро дорад.
Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, сӯхторе, ки ин пул низ дар он осеб дид, бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз дӯконҳои хӯроки тезтайёри бозори марказии шаҳри Хоруғ сар зад.
Манбаъ изҳор дошт, ки дар натиҷаи сӯхтор яке аз биноҳои марказӣ дар ҳаҷми тахминан 500 метр мукааб, ки 48 мағозаро дарбар мегирад, аз оташ зарари ҷиддӣ дида, 14 мағозаи дигар қисман хароб гардиданд.
Вазорат таъкид намуда буд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор ба 1 млн сомониро ташкил медиҳад.
Соҳибкороне, ки аз ин сӯхтор зарар диданд, дар бозори "20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷой дода шуданд.