https://sputnik.tj/20221123/mirzonabot-khostor-charoghonkuni-bino-khorugh-1053007870.html
Мирзонабот хостори рангубор ва чароғонкунии биноҳои Хоруғ шуд
Мирзонабот хостори рангубор ва чароғонкунии биноҳои Хоруғ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои баррасии масъалаи ободкорӣ ва чароғонкуниии биноҳои маркази маъмурии вилоят ҷаласа баргузор кардааст
2022-11-23T12:55+0500
2022-11-23T12:55+0500
2022-11-23T12:55+0500
дар тоҷикистон
хоруғ
иҷтимоъ
сохтмон
кӯча
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043573327_0:0:961:540_1920x0_80_0_0_aee2c70aff3fd0cd0dd0de96d13eaf9f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ сохтмону азнавсозии 250 адад иншооти таъйиноти гуногуну асфалткунонии 2,8 километр роҳҳои мошингард дар назар аст. Ин нуктаро раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ зимни гузориш дар бораи чорабиниҳои шаҳрдорӣ бобати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ баён доштаст. Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, омодагӣ ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳолати кӯчаи иншооти атрофи роҳи асосии Хоруғ аз мавзуъҳои асосии ҷаласаи раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот будаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Мирзонабот дар ҷаласа таъкид намудааст, ки дар баробари дигар корҳои ободониву созандагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд ба масъалаи мутобиқ намудани иншооти ҳамшафати роҳи марказӣ ба талаботи шаҳрдорӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. "Зарур аст, ки ҳамаи биноҳо пурра таъмиру рангубор гардида, равшаникунонии биноҳои баландошёна низ ба роҳ монда шавад", - таъкид намудаст раиси ВМКБ. .Мирзонабот дар ин робита ба раиси шаҳр супориш додаст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони шаҳр раванди корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, масъалаи равшанкунонии бинову иншооти бахши хусусиро низ ҳаллу фасл намояд.Ба роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо супориш дода шуд, ки чароғонкунии биноҳои идораву муассисаҳояшонро то фарорасии соли нави дар пешистода пурра ба итмом расонанд, омадааст дар иттилоия.
https://sputnik.tj/20221104/darsho-makotibi-badakhshon-durbinho-nazorati-1052629828.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043573327_0:0:853:640_1920x0_80_0_0_52afa574646045e3012f5621d52c6513.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, раис, вмкб, хостор, чароғонкунӣ, хоруғ
дастур, раис, вмкб, хостор, чароғонкунӣ, хоруғ
Мирзонабот хостори рангубор ва чароғонкунии биноҳои Хоруғ шуд
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои баррасии масъалаи ободкорӣ ва чароғонкуниии биноҳои маркази маъмурии вилоят ҷаласа баргузор кардааст
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ сохтмону азнавсозии 250 адад иншооти таъйиноти гуногуну асфалткунонии 2,8 километр роҳҳои мошингард дар назар аст.
Ин нуктаро раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ зимни гузориш дар бораи чорабиниҳои шаҳрдорӣ бобати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ баён доштаст.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, омодагӣ ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳолати кӯчаи иншооти атрофи роҳи асосии Хоруғ аз мавзуъҳои асосии ҷаласаи раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот будаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Мирзонабот дар ҷаласа таъкид намудааст, ки дар баробари дигар корҳои ободониву созандагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд ба масъалаи мутобиқ намудани иншооти ҳамшафати роҳи марказӣ ба талаботи шаҳрдорӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
"Зарур аст, ки ҳамаи биноҳо пурра таъмиру рангубор гардида, равшаникунонии биноҳои баландошёна низ ба роҳ монда шавад", - таъкид намудаст раиси ВМКБ. .
Мирзонабот дар ин робита ба раиси шаҳр супориш додаст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони шаҳр раванди корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, масъалаи равшанкунонии бинову иншооти бахши хусусиро низ ҳаллу фасл намояд.
Ба роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо супориш дода шуд, ки чароғонкунии биноҳои идораву муассисаҳояшонро то фарорасии соли нави дар пешистода пурра ба итмом расонанд, омадааст дар иттилоия.