Газу бензин дар Тоҷикистон арзон шуду сӯзишвории дизелӣ гарон: чӣ тавр ва чаро?

© PixabyaАвтозаправка, архивное фото
Автозаправка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Аз охири ноябри соли равон коҳишёбии нархи фурӯши чаканаи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Моҳи ноябри соли равон нархи миёнаи воридотии як тон бензин 689 долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо моҳи октябр 47 доллар ё ба андозаи 6,4% коҳиш ёфт, иттилоъ дод Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Феълан нархи фурӯши чаканаи як литр бензини навъи “АИ-92” дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 7,2 то 7,8 сомонист, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 нархи пастарин 3,3 сомонӣ (31,13%) ва нархи баландтарин 4 сомонӣ (31,1%) коҳиш ёфт.
Нимаи декабри соли гузашта нархи фурӯши чаканаи як литр бензини навъи“АИ-92” дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 10,6 то 11 сомониро ташкил медод.
Ҳамчунин тағйирот дар фурӯши газ низ ба назар мерасад. Дар моҳи ноябр нархи миёнаи воридотии як мукааб гази моеъ ба 543 доллар ё дар қиёс бо моҳи октябр 10 доллар - 1,8% коҳиш ёфт, ки дар пайи он нархи фурӯши чаканаи гази моеъ дар нимаи декабри соли 2022 аз 4,9 то 5 сомониро ташкил медиҳад.
Вид гор из иллюминатора в самолете, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2022
Воридоти ҳавопаймо, сӯзишворӣ ва хадамот аз андоз озод: Тасвиби сабукиҳо дар Тоҷикистон
Ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 нархи пастарин 2,3 сомонӣ (31,9%) ва нархи баландтарин 2,5 сомонӣ (33,33%) коҳиш ёфт. Нимаи декабри соли гузашта як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 7,2 то 7,5 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ҳамзамон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон идомаи коҳишёбии нархи фурӯши чаканаи бензин ва гази моеъ ба мушоҳида расида, ҳолати камчинӣ ҷой надорад.
Дар ҳамин ҳол, ин таҳаввулоти бозор дар қимати сӯзишвории дизелӣ таъсири чандоне надорад ва дар қиёс бо соли пешин афзоиши қимати он ба назар мерасад. Дар моҳи ноябр нархи миёнаи воридотии як тон сӯзишвории дизелӣ 970 долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо моҳи октябр 61 доллар (6,7%) зиёд аст.
Ба ҳамин минвол, нархи фурӯши чаканаи сӯзишвории дизелӣ нимаи декабри соли 2022 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон аз 11,3 то 12,2 сомониро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта нархи пастарин 0,8 сомонӣ (7,6%), нархи баландтарин 1,2 сомонӣ (10,9%) афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин давраи соли 2021 нархи фурӯши чаканаи як литр сузишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 10,5 то 11 сомониро ташкил медод.
Работа АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Фурӯшандаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон беш аз 7 млрд сомонӣ даромад гирифтаанд
Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд дар қиёс бо соли гузашта нархи сӯзишвории дизелӣ боло рафтааст, дар қиёс бо моҳҳои қабл нархи пасттарин ва болотарини он коҳиши онро ба ҳудуди 50 дирам нишон медиҳад.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар моҳҳои январ ба ноябри соли 2022 ба ҷумҳурӣ 712 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, ба маблағи беш аз 622 млн доллар бо нархи миёнаи 875 доллар ворид гардидааст ва ин нишондиҳанда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 158 ҳазор тон зиёд аст.
Нрхи миёнаи воридотии маҳсулоти нафтӣ дар қиёс бо моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 224 доллар (34,4%) баланд шудааст.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ, дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 350 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ (ба маблағи 305,6 млн доллар бо нархи миёнаи 872 доллар), 293 ҳазор тон бензин (231,4 млн доллар бо нархи миёнаи 789 доллар), 13,6 ҳазор тон равғанҳои молиданӣ (20,1 млн доллар бо нархи миёнаи 1472 доллар) ворид шудааст.
Инчунин Тоҷикистон аз хориҷ 53 ҳазор тон сӯзишвории реактивӣ (63,8 млн доллар бо нархи миёнаи 1205 доллар), 1049 тон керосин (1,1 млн доллар бо нархи миёнаи 1056 доллар) ва 360 ҳазор тон гази моеъ (177,5 млн доллар бо нархи миёнаи 494 доллар) дастрас кардааст.
Рынок в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Болоравии нархи тухм дар бозорҳои Тоҷикистон: Сабаб дар чист? – видео
Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро асосан Русия (87,8%), Туркманистон (5,5%), Белоруссия (2,6%), Қазоқистон (2,2), Ӯзбекистон (0,9%) ва бақия (0,9%)-ро аз дигар кишварҳои ворид мекунад.
Воридоти умдаи газ ба Қазоқистон (93%) рост меояд ва бақия ба Ӯзбекистон, Туркманистон ва Русия.
Дар ҳамин ҳол, ин суол пеш меояд, ки далели коҳиши қимати сӯзишвории воридотӣ дар Тоҷикистон чист, дар ҳоле ки, масалан, кишвари ҳамсояаш Ӯзбекистон бо вуҷуд доштани манобеи ҳангуфти газ ба мушкили камбуди он дучор омад ва ҳатто содироти он ба Чинро ба таври назаррас коҳиш дод ва содироти барқро ба Афғонистон ба хотири ҷуброни камбуди газ қатъ кард?
Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки далели аслии коҳиши нархи маводи нафтӣ ва газ дар кишвар афзоиши воридоти он аз Русия ва Қазоқистон аст.
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Русия сӯзишвории имтиёзиро ба Тоҷикистон бештар медиҳад
"Ҳамчунин тибқи маълумоти шабакаҳои интернетӣ 30 ноябри соли равон нархи як тонна нафти навъи “Brent” 87 долларро ташкил дод, ки нисбат ба 31 октябр 5,38 доллар (5,8%) коҳиш ёфт. Аз сӯи дигар, қурби асъори хориҷӣ низ дар Тоҷикистон поён омад ва ин ҳама авомил мӯҷиби коҳиши нархҳо шудаанд”, - гуфт ин манбаъ.
Он чӣ ба афзоиши қимати сӯзишвории дизелӣ рабт мегирад, ин аст, ки истифодаи ин навъи сӯзишворӣ дар Русия – кишвари аслии воридкунанда - ба далели идомаи амалиёти вижаи низомӣ дар Украина зиёд шудааст, аз ин хотир, воридоти он низ дар сатҳи қаблӣ ва тибқи шартнома идома дорад.
Огаҳони авзоъ инро ҳам зикр мекунанд, ки коҳиши қимати сӯзишвории дизелӣ аз ҳисоби дигар навъҳои сӯзишворӣ аз сӯи худи соҳибкорон ва ширкатҳои фурӯшандаи он танзим карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0