https://sputnik.tj/20221111/furushanda-suzishvori-tojikiston-somoni-daromad-1052757008.html
Фурӯшандаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон беш аз 7 млрд сомонӣ даромад гирифтаанд
Фурӯшандаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон беш аз 7 млрд сомонӣ даромад гирифтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти сӯзишворӣ ба кишвар дар нуҳмоҳаи аввали соли равон гузориш доданд, ки ба андозаи чоряк зиёд шудааст
2022-11-11T13:00+0500
2022-11-11T13:00+0500
2022-11-11T13:00+0500
дар тоҷикистон
нарх
сӯзишворӣ
воридот
мавод
иқтисод
маҳсулот
бештар аз ширкатҳои нафтӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044265975_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_542a65eabdd6ac10cacff79e985a965e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар 9 моҳи соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 558 ҳазор тонна маҳсулотӣ нафтӣ, ба маблағи тақрибан 486 млн доллар ворид гардидаст. Бар асоси омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон воридоти сӯзишворӣ дар нуҳмоҳа ба ҷумҳурӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи вазн беш аз 24% ва аз рӯи нарх 1,7 баробар зиёд шудааст. Ҳаҷми фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон тайи 9 моҳ беш аз 7,4 млрд сомонӣ арзёбӣ шудаст. Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти оморӣ бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ҳамоно пойбанди воридот буда, саҳми тавлидоти дохилӣ хеле ночиз аст. Тибқи омори расмӣ, тайи нуҳмоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор тон маҳсулоти нафтӣ тавлид шудааст. Маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Қаблан дар миёни ширкатҳои асосии воридкунандаи сӯзишворӣ аз ҷумла корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Роҳи Сомон" ном бурда шуда буданд. Нархи сӯзишворӣ дар навоҳии ҷумҳурӣ фарқ карда, аз ҷумла дар шимол бензини навъи АИ-92 - 9,3 сомонӣ ва АИ-95 - 10 сомонӣ нарх дорад. Сокинони ин минтақа метавонанд сӯзишвории дизелиро бо қимати 12,5 сомонӣ сари ҳар литр харидорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20221109/gaz-nest-mushkil-daryoft-gaz-sugd-1052716145.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044265975_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_5182676b8d0a4efcc569a8b686c14db3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, воридот, тоҷикистон, сӯзишворӣ
афзоиш, воридот, тоҷикистон, сӯзишворӣ
Фурӯшандаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон беш аз 7 млрд сомонӣ даромад гирифтаанд
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти сӯзишворӣ ба кишвар дар нуҳмоҳаи аввали соли равон гузориш доданд, ки ба андозаи чоряк зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар 9 моҳи соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 558 ҳазор тонна маҳсулотӣ нафтӣ, ба маблағи тақрибан 486 млн доллар ворид гардидаст.
Бар асоси омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон воридоти сӯзишворӣ дар нуҳмоҳа ба ҷумҳурӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи вазн беш аз 24% ва аз рӯи нарх 1,7 баробар зиёд шудааст.
Ҳаҷми фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон тайи 9 моҳ беш аз 7,4 млрд сомонӣ арзёбӣ шудаст.
Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти оморӣ бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ҳамоно пойбанди воридот буда, саҳми тавлидоти дохилӣ хеле ночиз аст.
Тибқи омори расмӣ, тайи нуҳмоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор тон маҳсулоти нафтӣ тавлид шудааст.
Маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Қаблан дар миёни ширкатҳои асосии воридкунандаи сӯзишворӣ аз ҷумла корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Роҳи Сомон" ном бурда шуда буданд.
Нархи сӯзишворӣ дар навоҳии ҷумҳурӣ фарқ карда, аз ҷумла дар шимол бензини навъи АИ-92 - 9,3 сомонӣ ва АИ-95 - 10 сомонӣ нарх дорад.
Сокинони ин минтақа метавонанд сӯзишвории дизелиро бо қимати 12,5 сомонӣ сари ҳар литр харидорӣ кунанд.